4 миллиард рубл даромади якмоҳаи Русия аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик (аудио)
Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар моҳ дар Русия беш аз 4 миллиард рубл, ё 67 миллион доллар пули патент месупоранд.
Ин оморро Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як мусоҳиба бо хабаргузории “РИА Новости» ба муносибати 30-солагии равобити дипломатии миёни Русия ва Тоҷикистон изҳор доштааст.
Дар ин мусоҳиба, ки 14-уми сентябр дар сомонаи вазорат нашр шуд, омадааст, ки «шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчи бештар ба ҳузури қонуниву кори расмӣ дар Русия манфиатдор ҳастанд. Далелаш ин аст, ки соли 2021 шаҳрвандони мо беш аз 700 ҳазор патенти корӣ гирифтаанд. Шаҳрвандони мо ҳар моҳ беш аз 4 миллиард рубл (наздики 67 миллион доллар) пардохт мекунанд. Дар умум соли 2021 ба буҷаи Русия аз ҳисоби патентҳои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 48 миллиард рубл ворид шудааст, ки тақрибан 900 миллион долларро ташкил медиҳад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ