4 млн сомонӣ дар вилояти Суғд куҷо ғайб зад?!

Сарраёсати молияи вилояти Суғд истифодаи ғайримақсадноки қариб 8 миллион сомониро ошкор кардааст, ки бидуни мақсад сарф шудааст.

Мақомоти молияи Суғд хароҷоти пули буҷа дар 102 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 3 миллиону 956,8 ҳазор сомониро ошкор кардаанд.

Ба иттилои Сарраёсати молияи ҳукумати вилоят, аз ин маблағ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 705,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.

Камбуд ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ба маблағи 558,9 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 2,4 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 71,3 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шуд.

«Талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 2 миллиону 472,1 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 146,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад»,- омадааст дар иттилоия.

Мақомот таъкид намудаанд, ки аз зарари молии ошкоршуда 1364,8 ҳазор сомонӣ ва ё 34,5 фоиз барқарор шудааст. Пули барқароршуда 3 млну 553 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва 388,2 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо рост меояд.

Инчунин зикр гардид, ки дар ҷараёни аудиту таҳлилҳо камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 166,6 ҳазор сомонӣ ошкор ва пурра барқарор карда шуд.

Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ 38 маводи аудитӣ, бо маблағи умумии зарар дар ҳаҷми 3780,9 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *