4 соли зиндон барои паҳни китоби дар Русия мамнӯъ
Додгоҳи Мешанскии Маскав рӯзи 5 июн мудири собиқи китобхонаи адабиёти Украина Наталя Шаринаро бо ҷурми «тундгароӣ» ва ихтилос ба чаҳор сол зиндони шартӣ маҳкум кард.
Шарина ҳукми додгоҳро сиёсӣ унвон номид. Вакили Шарина гуфт, ки аз рӯи ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебарад. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Шарина панҷ сол ҳукми шартӣ талаб карда буд.
Созмони Афви Байналмилалӣ гуфт, ки ҳукми Шарина «нафрати комил ба волояти қонун ва нуқси сохтори додгоҳии Русияро ба намоиш гузошт.
Биноба фарзияи додгоҳ Шарина солҳои 2011-2012 китоби дар Русия мамнӯи Уна Унсо-и Дмитро Корчинскиро ро паҳн мекард ва ҳамчунин бо истифода аз авроқи чопӣ тарғиботи «зидди Русия ва зиддирусӣ» пеш мебурд. Наталя Шарина аз соли 2015 ба ин сӯ дар ҳабси хонагӣ буд. Ӯ худро бегуноҳ медонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ