496 сомонӣ нафақаи сокини 120-солаи Тоҷикистон

Kалонсолтарин нафақагир дар ҷануби Тоҷикистон — Басимо Тӯраева 120 сол дорад.

Бино ба иттилои масъулони Раёсати агентии нафақа дар минтақаи Кӯлоб, Басимо Тӯраева, сокини деҳаи Чашмаи Бедаки ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг, соли таваллудаш 6-уми майи соли 1904, то як моҳи пеш ҳамагӣ 381 сомонию 85 дирам (тақрибан 35 доллар) нафақа мегирифт ва аз 1-уми июл дар пайи 30 фоиз боло бурдани ҳаҷми нафақа дар ҷумҳурӣ, нафақаи ин зани солдида ба 496 сомонию 41 дирам, яъне ҳудуди 45 доллар баробар шудааст.

Ба ҳисоби масъулон, дар умум дар вилояти Хатлон 107 нафақагири синнашон аз 100 боло умр ба сар мебаранд. 43 нафари онҳо дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб зиндагӣ мекунанд.

Шумораи умумии нафақагирон дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор нафар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *