5 карат қаҳрамони ҷаҳон. Роҳи пурпечутоби Миҷгона Самадова
Ҳафтаи равон Миҷгона Самадова — муштзанбонуи тоҷик нишони дуюми қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни бонувон дар вазни 57 кг-ро дар корномаи худ сабт намуд. Миҷгона роҳи худро ба сӯи Бозиҳои Олимпии Париж — 2024 ҳамвор мекунад.
Қаҳрамонбонуи тоҷик
Миҷгона Самадова варзишгар аст. Кикбоксинг, таэквондо, бокс намудҳои варзишеанд, ки ӯ дар ҳарсеи он муваффақ аст ва соҳиби дастовардҳост.
Дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт, ки аз 5 то 10-уми декабр дар Белоярски Русия баргузор шуд, сазовори медали тилло шуд. Соли дуюм аст, ки Миҷгона унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии боксро аз ин мусобиқа соҳиб мешавад.
Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг сабқат намуда, дар даврҳои якуму дуюм бар муштзанҳои кишварҳои Белорус ва Русия дастболо шуд. Дар финал бошад, ӯ намояндаи дигари кишвари мизбон Евгения Лочкановаро мағлуб кард ва нишони тиллоро ба гардан овехт. Ин дар ҳолест, ки як моҳ пеш Миҷгона Самадова дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Аммони Урдун баргузор гардида буд, дар даври аввал аз намояндаи Тайбей мағлуб шуда буд.
Орзу, даъвати вазир, роҳҳои қаҳрамонӣ
Самадова Миҷгона Абдусаломовна мактаби №28-и Душанберо хатм кардааст ва аз давраи хонандаи мактаб будан ба варзиш машғул мешавад. Рағбати беандоза ва шавқу шӯре, ки дар дил дошт, ӯро муваффақ мегардонад.
Миҷгона дар синфи дуюм таҳсил мекард, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок кардаву соҳиби нишони ифтихорӣ мегардад. Ин дастовард ӯро водор месозад, ки ба варзиш бештар машғул шавад.
Ҳамин буд, ки соли 2012 духтараки синфи ҳафтум аз мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба муҳорибаҳои тан ба тан, ки дар шаҳри Сочии Русия бо иштироки намояндагони 40 кишвари дунё баргузор гардид, медали тиллоро соҳиб мешавад. Соли 2013 бошад, аз шаҳри Калуга бо ду медали тилло ба ватан бармегардад. Миҷгона Самадова пайи ҳам ба ғолибият даст меёбад. Ӯ соли 2014 дар мусобиқаи Осиёи Марказӣ дар Душанбе оид ба муҳорибаи тан ба тан соҳиби медали тилло мегардад. Соли 2016 дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо дар Италия, ки аз 62 давлат варзишгарон иштирок намуда буданд, Миҷгона ба медали биринҷӣ мушарраф мегардад.
Миҷгона аввалин варзишгарбонуи тоҷик аст, ки унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар намуди варзиши кикбоксингро ба ватан овардааст. “Соли 2017 дар мусобиқаи бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ашқобод, ки варзишгарон қариб аз 200 малакати ҷаҳон иштирок доштанд, ширкат кардам ва ба ҳама рақибони худ ғолиб омада, соҳиби медали тилло шудам. Ҳамин тавр, аввалин бонуе шудам, ки аз намуди кикбоксинг ба ватан медали тиллоро овардам”,- гуфта буд ӯ.
Миҷгона аз хурдсолӣ мехост ҳуқуқшинос шавад. Пас аз ғолибиятҳои пай дар пай бо дастгирии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба факултети ҳуқуқшиносии Академияи ВКД дохил мешавад.
Аз сабабе, ки кикбоксинг ва таэквондо ба Бозиҳои олимпӣ шомил нестанд, ӯ ба бокс рӯ меорад. Ӯ ният дорад, ки аз Бозиҳои олимпӣ барои Тоҷикистон медали тилло биёрад. Ӯро ба варзиш бародараш ташвиқ намуда, Матлуба Каримова ва Урунов Фурқат мураббиёни ӯ буданд.
Миҷгона 15 сол аст, ки ба варзиш машғул аст. Ӯ акнун панҷ унвони қаҳрамони ҷаҳон, ду маротиба қаҳрамони Осиё ва чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистонро дар корномаи худ ва саҳифаҳои варзиши кишвар рақам задааст.
Ҷоми ҷаҳонии бокс
Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, ки аз 5 то 10-уми декабр дар минтақаи Белоярски Русия баргузор шуд, варзишгарон аз кишварҳои Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Белорус, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба ҳам овард.
Рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон баргузор шуд. Муштзанҳои тоҷик ба гирифтани шаш нишони ифтихорӣ даст ёфтанд. Миёни мардҳо Шамшер Саидов медали тилло, Шаҳбоз Ҳаитов медали нуқра, Некрӯз Салимов медали биринҷӣ ва аз миёни бонувон бошад, Миҷгона Самадова медали тилло, Шоира Зулқайнарова медали биринҷӣ ва Меҳриноз Музаффарова медали биринҷӣ гирифтанд.
И. САИД, “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ