50 ҳазор доллар насиби ҷавони тоҷик шуд. Чӣ тавр?
Ҷавони тоҷик Масрур Давлатзода, ки хатмкардаи мактаби миёнаи №17-и ноҳияи Восеъ аст, бо дарёфти грант донишҷӯи Донишгоҳи Печс (Pécsi Tudományegyetem), яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Маҷористон (Венгрия) шуд.
Вай аз имтиҳонҳо ва суҳбати инфиродӣ баҳои баланд гирифта, ғолиби стипендияи ҳукумати Маҷористон (Stipendium Hungaricum Scholarship) дониста шуд, ки 50 000 долларро дар бар мегирад. Зимнан, Масрур имкон пайдо кард, ки дар давоми 4 сол ба таври ройгон аз рӯйи ихтисоси муҳандис-меъмор дар донишгоҳи болозикр таҳсил кунад.
Масрур зодаи деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ аст. Волидонаш омӯзгор мебошанд. Ӯ давраи мактабхонь забонҳои русӣ ва англисиро хеле хуб азхуд карда тавонист. Маҳз донистани забони англисӣ имкон дод, ки ин ҷавони тоҷик барои таҳсил ба хориҷи кишвар роҳ ёбад.
Ф. БОБОЕВА, донишҷӯ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ