60 шаҳиди Кобул, гунаҳгор кист?
Ҷузвдонҳои хунолуд ва китобҳо дар кӯча партофта шудаанд ва дуд аз маҳалли ҳодиса ба само мепечад
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 9-уми май эълон кард, ки бар асари бомбгузорӣ як рӯз пеш дар як мактаби духтарона дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул камаш 58 кас кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Аксари қурбониён духтарони аз 11 то 15-сола ҳастанд.
Ториқ Ориён, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, аввал мошини бомбгузоришуда дар наздикии мактаби «Сайид Ал-Шуҳадо» таркида, ду бомби дигар ҳангоми ба воҳима афтодану талотуми донишомӯзон мунфаҷир шудааст.
Тасвирҳо нишон медиҳанд, ки ҷузвдонҳои хунолуд ва китобҳо дар кӯча партофта шудаанд ва дуд аз маҳалли ҳодиса ба само мепечад. Сухангӯйи Вазорати тандурустии Афғонистон гуфт, ҳангоми кӯшиши берун кардани захмиён издиҳоми хашмгин ба мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва ҳатто пизишкон ҳамла кардаанд.
То ин дам ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.
Толибон даст доштани ҷангҷӯёнашро дар ин ҳодиса инкор кард. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, ҳамлаи рӯзи шанберо кори касоне донист, ки ба гуфтаи ӯ, “зери номи ДОИШ ва таҳти пӯшишу чатри истихборотии идораи Кобул фаъолият мекунанд.»
Дар гузашта гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти шуморе аз ҳамлаҳои маргбор дар Дашти Барчии Кобул, аз ҷумла ҳамла ба таваллудхонаи ҳамон минтақаро ба уҳда гирифтааст.
Аммо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, бе пешниҳоди ҳеч далел Толибонро масъули ҳамла донист.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, дар эъломияе гуфт, «ин гуна ҳамлаҳои буздилонаи террористӣ нобахшиданӣ, нопазируфтанӣ ва золимона аст». Ба гуфтаи ӯ, «калимаҳо дар маҳкумияти ин рӯйдоди зиддибашрӣ, зиддиинсонӣ ва ғайриисломӣ кам меоваранд».
Дафтари ҳайати маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон бобмгузории рӯзи гузаштаро дар Дашти Барчии Кобул як иқдоми ваҳшиёна хонд.
Маъмурияти Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон дар Твиттер ҳадаф қарор додани як мактаби духтаронаро «дар ҳақиқат, ҳамла ба ояндаи Афғонистон» донист.
Сафорати Бритониё дар Кобул ҳамларо маҳкум карда, дар Твиттер навиштааст, ки “ба хушунатҳо бояд фавран ва қабл аз кушта шудани теъдоди бештари кӯдакони бугуноҳ бояд поён дод.»
Ҳамлаи охир дар ҳолест, ки дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон хушунатҳо дар саросари ин кишвар авҷ гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ