6 садамаи нақлиётӣ бо марги 8 нафар
Дафтари матбуоти ВКД аз 6 садамаи нақлиётӣ дар саросари кишвар, ки бар асари онҳо 8 нафар ҷон бохтаанд, хабар дод.
9-уми июн ронандаи мошини «Опел-Астра» Абдурасул Юнусов дар роҳи «Конибодом-Деҳмой» пиёдагард Мубин Эшматовро пахш намудааст, ки номбурда ба ҳалокат расидааст.
Боз дар ҳамин рӯз ронандаи мошини «Хундай-Элантра» Ғолиб Иноятов ҳангоми ҳаракат дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд» дар ноҳияи Айнӣ мошинашро чаппа карда, ба дарёи «Фондарё» ғарқ шуда, то ҳол ҷасадаш пайдо нашудааст.
10-уми июн дар роҳи Душанбе-Кӯлоб дар Данғара ронандаи мошини“Опел-Астра” Шерхон Самандаров ҳангоми аз Душанбе ба Кӯлоб рафтан мошинашро чаппа карда, дар натиҷа худи ӯ ба ҳалокат мерасад. Ба ҳамин монанд, Илҳом Ахмедов дар роҳи «Ашт-Хуҷанд» ба садама дучор шуда, худро ҳалок кардааст.
Боз ҳам дар ҳамин рӯз ронандаи мошини «Мерседес Бенс» Шаҳобиддин Маҳмадсаидов ҳангоми аз Ёвон ба Рӯдакӣ омадан ба девори бетонӣ бархӯрда, мошинашро чаппа кардааст, ки дар натиҷа ду мусофири он ба ҳалокат расидаанд.
11-уми июн ронандаи мошини «Тайота-Хайрландер» Сайфулло Назаров дар роҳи “Душанбе-Турсунзода” ба мошинҳои “Дэу-Дамас”, соҳибаш Хуршед Рӯзиев ва “Дэу-Матиз”, соҳибаш Азизҷон Қараев бархӯрда, дар натиҷа ду мусофири мошини ”Дэу-Дамас” ба ҳалокат расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ