60 тонки Русия вориди Тоҷикистон мешавад

Моҳи ноябр дар ихтиёри пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон нахустин тонкҳои нави Т-72Б3М қарор мегиранд.

Бино ба хабари фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ, генерал-полковник Александр Лапин Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо тонкҳои Т-72Б3М муҷаҳҳаз мешавад.

Бино ба гуфтаи ӯ, нахустин қатори тонкҳои ҷадид моҳи равон ба Тоҷикистон мерасанд. Ӯ зимни як нишаст бо иштироки рӯзноманигорон аз бартариҳои ҷангии танки ҷадид тавсиф кард.

«Мо дар пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон кори зиёде барои муҷаҳҳазсозӣ анҷом додем. Феълан се баталиони тирандози савора пурра силоҳу техникаи ҷадид гирифтанд», — изҳор дошт фармондеҳи низомӣ.

То охири соли равон дар маҷмуъ 60 адад аз чунин мошинҳои ҷангӣ ба пойгоҳи 201 интиқол дода мешаванд.

Аз рӯи нишондодҳо, қабати зиреҳии ҳимояи сарнишинҳо ва иқтидори зарбазании онҳо тақвият шудааст. Инчунин мошинҳои ҷадид бо муҳаррики ҷадиди «Акведук» муҷаҳҳаз мебошанд.

Қаблан пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соҳиби мошинҳои зиреҳпӯши «Патрул» ва «Есаул» шуда буд.

Таъкид гардидааст, ки тавони ҷангии пойгоҳи низомӣ баъди таҷҳиз бо силоҳу воситаҳои алоқаи муосир ба маротиб афзоиш меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *