7 ихтирои ҷолиби диққати донишҷӯдухтари тоҷик

Моҳҷабин Давлатқадамова, донишҷӯдухтари тоҷик барои соҳаи кишоварзӣ 7 дастгоҳ ихтироъ кардааст. Ӯ яке аз ғолибони озмуни “Илм — фурӯғи маърифат мебошад”.

Моҳҷабин донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ мебошад. Ду дастгоҳе, ки ин донишҷӯдухтар ихтироъ намудааст — “нерӯгоҳи барқӣ” ва “огоҳкунандаи беноқил”, диққати ҳамагонро ҷалб намудааст. Бо истифода аз ин дастгоҳҳо мушкилоти кишоварзӣ кам мешавад.

Нерӯгоҳи ихтироъкардаи ӯ аз 1 то 3 мвт қувваи барқ истеҳсол мекунад.

Илова бар ин, огоҳкунаки беноқиле, ки Маҳҷабин офаридааст, ҳам дар хоҷагии қишлоқ, саноат ва инчунин дар соҳаи ҳарбӣ метавонад мавриди истифода қарор гирад.

«Огоҳкунаки беноқил дар соҳаи хоҷагии қишлоқ барои хабар додан аз офатҳои табиӣ истифода бурда мешавад. Ҳангоми ба вуқуъ омадани офати табиӣ асбоб метавонад аз маҳали хатарнок ба ҷойи лозимӣ хабар диҳад»,- шарҳ медиҳад ихтироъкор.

Моҳҷабин дар як қатор озмуну намоишҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардид. Аз ҷумла, ӯ соли 2014 дар озмуни “Техникони ҷавон” сазовори ҷойи аввал ва соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони “Як қадам ба пеш” сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардидааст. Инчунин, соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” иштирок намуда, мақоми сеюмро касб кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *