7 миллиарду 210 миллиону 355 ҳазор сомонӣ барои соҳаи маориф

Соли 2023 барои соҳаи маориф 7 миллиарду 210 миллиону 355 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 214 нафар довталаб дар зинаҳои гуногуни таҳсилот ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» пешнмҳод намудаанд. Инчунин, дар асоси созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон, Белорус, Украина, Сербия, Венгрия барои шаҳрвандони ҷумҳурии мо квотаҳои таҳсилӣ дар соли 2023 пешниҳод намудаанд.

— Нисбат ба соли гузашта, имсол чопи китобҳо дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 7-8 маротиба зиёд шудааст. Ҳамаи китобҳои дарсӣ аз синфӣ 1 то 11 пурра дар шакли электронӣ пешниҳод карда шудааст,- гуфта шуд дар нишаст.

Вазири маориф ва илми Тоҷикисон инчунин қайд кард, ки «дар давлатҳои хориҷа зиёдтар дар мактабҳо ба ҷойи китоби дарсӣ планшетро истифода мебаранд. Мо тасмим гирифтем, ки ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот омода намоем, то хонандагон дар дарсҳо озодона аз планшетҳо истифода баранд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *