7 роҳи зебо мондан дар тирамоҳ

Аксарияти бонувон намедонанд дар тирамоҳ пӯсти худро чӣ гуна нигоҳубин намоянд. Барқарорсозӣ ва нармкунонӣ — ин аст, асрори зебоии ҳар як зан. Мо ба шумо чанд роҳеро тавсия медиҳем, ки барои нигоҳ доштани таровати пӯст мусоидат мекунад.

 1. Барои он, ки тирамоҳ чеҳраатонро пажмурда насозад, малҳами сабуки тобистонаро ба ғизобахш (питательный) иваз кунед. Малҳами шабонаро набояд фаромӯш намуд, зеро малҳамҳои шабона қабатҳои пӯстро чуқур ғизо мебахшанду норасоии обро ҷуброн менамоянд. Барои барқарорсозии мувозинаи обӣ дар як рӯз на камтар аз як литр об нӯшед.

2.  Дар тирамоҳ махсусан дуруст поксозии пӯстро фаромӯш насозед. Саҳарӣ ҳангоми рӯйшӯӣ оби минералӣ ё оби ҷӯшидаро истифода баред. Ба оби пок каме намак андозед (ба як истакон як қошуқча намак). Агар дар пӯстатон доначаҳои хурди сурх бошанд, аз мушкоб барои пӯсти хушк (лосьон для сухой кожи) истифода баред. Ба он асал илова кардан мумкин аст.

4. Аз скраб истифода мебурда бошед, баъд аз нӯшидани қаҳва дурдаи онро, ки дар таги пиёла мемонад, ба ҷои скраб ба кор баред. Он пӯстро хеле чуқур тоза мекунад. Дар шароити экологияи носолими шаҳр тоза кардани пӯст ва ғизо додани он ниҳоят муҳим аст.

5. Дар фасли тобистон пӯстатон ҳам сӯхту ҳам доғи нофорами пигментӣ пайдо намуд? Ниқобҳои сафедкунандаи пӯстро қабл аз хоб молидан лозим аст. Ҳар саҳар ба рӯятон ҳатман малҳами аз офтоб ҳифзкунанда молед. Агар пӯстатон муътадил ё хушк бошад, барои сафедкунонии рӯй ниқоби тухму фаллагиро омода созед: зардии як тухм, 2 қошуқча фалла ва 10 қатра перекиси водородро нағзакак аралаш намуда, ба рӯй моледу 10 дақиқа нигоҳ доред, пасон шӯед. Барои пӯсти равғанину омехта (комбинированный) ниқоби бодирингӣ рост меояд.

Бодирингро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронида, ба он миқдори баробари арақ андохта, 30 дақиқа нигоҳ доред. Докаеро дар он тар карда, ба рӯятон гузореду 20 дақиқа нигоҳ доред, сипас бо оби ширгарм рӯй шӯед.

6. Пӯсти сӯхтаву дар офтоб дағалгашта ба ниқобҳо ниёз дорад. Бо истифодаи ниқоби ғизобахши аз сабзӣ омодашуда пӯстро мулоим карда метавонед. Як қошуқча шарбати сабзиро бо як қошуқ маргарини обшуда омехта карда, ба рӯятон моледу 10-15 дақиқа нигоҳ доред.Дар тирамоҳ ниқобҳо бояд равғани ғизобахшу нармкунанда дошта бошанд, хусусан барои пӯсти хушк.

7. Моҳи ноябр ба пилингҳои гуногун рӯй овардан мумкин аст. Дар ёд доред, ки барои беҳбудии ҳолати пӯст дар баробари нигоҳубини косметикӣ витамини А бояд хӯрд. Омехтаи витаминиро ин тавр тайёр кунед: ғулинг, мавиз, анҷир, чормағз ва лимӯро аз гӯштқимакунак гузаронеду мувофиқи табъ асал илова карда ба бонкае бардошта, даҳонашро маҳкам кунеду дар яхдон нигоҳ доред. Аз ин ғизои хушбӯй рӯзе як қошуқӣ се бор тановул намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *