бокс

7 варзишгар Тоҷикистонро дар Тайланд муаррифӣ мекунанд

Аз имрӯз то 26-уми январ дар шаҳри Бангкоки Тайланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки дар мусобиқа 243 варзишгар аз 21 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 нафар варзишгар муаррифӣ мекунанд. Муштзанҳои тоҷик дар ин мусобиқаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии мураббиён Маҳмадҷон Сулаймонов, Хуршед Абдуллоев ширкат меварзанд.

— Доварони тоҷик Акмалҷон Абдуллоев ва Меҳроҷ Умаров муҳорибаҳои чемпионатро ҳакамӣ хоҳанд кард,- меафзояд манбаъ.

Бояд гуфт, ки ин дуюмин нашри Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола буда, нашри аввалини он моҳи январи соли гузашта дар Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Варзишгарони мо 11 медал, аз ҷумла 1 тилло ба даст оварда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *