Аслов:Сиёсати ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони Истиқлолият натанҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Бояд хотирнишон сохт, ки барқарории равобити хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали Истиқлолият буд. Сарвари давлати Тољикистон Эмомалї Рањмон моњи сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттањид сухан ронда, љомеаи љањониро бо нияту наќшањои бунёдкорона, њадафњои сиёсии сулњљўёна, расидан ба вањдати миллї, инчунин тањкиму таќвияти њамкорињо бо њама кишварњои дўсту сулњпарвари љањон ошно намуд. Љумњурии Тољикистон бо эътироф кардани асноди робитањои байналмилалї, аз љумла Оинномаи Созмони Милали Муттањид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадњо зербинои сиёсати дохилї ва хориљии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва њифзи њуќуќу озодињои онро, сарфи назар аз мансубияти миллї, мазњабӣ, нажодї ва љинсї арзиши олї мешуморад.
Имрӯзҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки акнун чоряк аср таҷриба пушти сар дорад, муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба мавқеи махсус доранд. Зарурати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ин созмонҳо аз он бармеояд, ки кишвар дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ пайваста талош меварзад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли Истиқлолияти хеш тавонист, бо барқарор намудани муносибатҳои ду ва чандҷониба бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Дар ин марҳилаи начандон тӯлонии таърихи муосири хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти роҳбарияти кишвар ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори хешро боло бурд, њамкорињои судмандро таҳкиму густариш бахшид ва то имрӯз бо аксари давлатҳои ҷаҳон равобити хубу манфиатовар ба роҳ мондааст.
Пешвои миллат муаллифи се ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об» (2013) ва «Дањсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои њаёт”(2005-2015).
Бояд гуфт, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкориҳою танзими муносибатҳо нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикии ақибмондаи собиқи он раҳоӣ мебахшанд, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил карда мешавад, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода карда мешавад.
Барои ба ҳадафҳои ин ташаббусҳо расидан аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ чорабиниҳои зиёде бо иштироки роҳбарияти Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ як қатор чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар пойтахти кишварамон бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гузаронида шуданд.
Пешниҳоди дигари Президенти мамлакати мо дар хусуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об ба хотири рушди устувор» (2015-2025) низ ҳамовозии ҷаҳонӣ ёфта, заминаи иҷроии он дар ҳоли баррасист.
Бо ташаббуси якҷояи Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони чанд кишвари дигар 23 феврали соли 2010 Маљмаи умумии Созмони Милали Муттањид дар иљлосияи навбатии 64-уми худ тањти унвони «Фарњанги љањон» бо аксарияти овозњо рўзи 21 мартро «Рўзи байналмилалии Наврўз» эълон кард.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 июни соли ҷорӣ пас аз талошҳои солона ва фаъолиятҳои дипломатӣ ба Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимои Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) ворид шуд. Ин як дастоварди дигари байналмилалӣ ва нишонаи обрӯ ва эътибори роҳбарияти мамлакат дар назди созмонҳои байналмилалист. Кишвари мо, дар ниҳоди дигари СММ, монанди Комиссияи маводи мухаддир барои солҳои 2014-2017 ва Комиссияи мақоми зан барои солҳои 2014-2018 узвият дошта, фаъолияти самаранок мебарад.
Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.
Кишвари мо ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як қатор созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд, Бонки навтаъсиси осиёии сармоягузории зерсохторӣ ва ғайра.
Дар самти ҳамкории иқтисодии хориҷӣ қобили зикр аст, ки Тоҷикистон фаъолона бо шарикони анъанавӣ, монанди Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳамкории наздик ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо ҳамсояи ҳаммарзи бузург Ҷумҳурии Халқии Хитойро, ки тавассути сармояҳои муассири хеш ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидати назаррас мерасонад, наметавон махсус зикр накард. Ҳамзамон, Тоҷикистон ҳамкории устуворро бо кишварҳои хориҷии дур, аз ҷумла мамлакатҳои қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ба роҳ монда, мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онҳоро васеъ ва амиқ намояд.
Ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ буда, он аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайгирона ҷиҳати дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар амалӣ мегардад.
Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамта ва сиёсати “дарҳои боз”-ро, ки ба талаботи манфиатҳои олии давлативу миллӣ ҷавобгӯ буда, ҳадафи ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногуни олам пайгирӣ мекунад ва ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст, татбиқ менамояд.
Дар марҳилаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуд. Дар ин муддат сиёсати «дарҳои боз», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Бархе аз натиҷаҳои ин сиёсатро метавон чунин баршумурд:
-ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё — Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид;
-то имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд;
-ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ муаллифи чандин ташаббус буда, ҳамовозии ин созмонро ба даст овардааст, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем:
- соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;
- соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;
-соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мусаввараҳои мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;
-соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;
-соли 2013 дар шаҳри Париж, дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт;
-соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии «60-солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонид;
-соли 2013 дар шаҳри Париж дар рафти 37-умин иҷлоси Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд.
Доираи дигари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкории босамаре бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ — СММ, САҲА, СҲШ ва ғайра ба роҳ монда, инчунин иштирокчии фаъоли амалиёти сулҳҷӯёнаи СММ гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи фаротар аз минтақа низ ташаббусњое барои ҳамвор кардани заминаи ҳаёти шоиставу осоишта барои кулли башар матраҳ кардааст. Аз ҷумла, Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо иброз намудааст, ки механизмҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии ҳалли масъалаҳои фарогир, шурӯъ аз Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бояд ба талаботи замон мувофиқ гардонида шаванд. Ба ин хотир, Роҳбари Тоҷикистон роҷеъ ба ислоҳоти сохторӣ ва фаъолияти СММ, бахусус Шӯрои амнияти он, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавқеи кишвари худро манзур кардааст.
Зикри ин нукта бамаврид аст, ки љомеаи љањонї азму иродаи давлати Тоҷикистонро дар љодаи ободию осоиши Ватан, ташаббусњои созандаву некбинона, нигоњи боэътимоду хайрхоњона ба масоили глобалии муосир ва иштироки фаъол дар ҳалли онҳо эътироф ва эҳтиром мекунад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тољикистон, заминаро барои барќарории равобити созанда бо њамаи кишварњои олам ва наќшофарии мамлакати мо дар арсаи минтаќаву љањон дар оянда низ фароҳам хоҳад кард
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ