8 март-кӯчарӯбҳои Душанбе 300 ҳазор доллар мегиранд

Рустами Эмомалӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе – дастур додааст, ки ба занони «посбони зебоӣ» дар пойтахт дар маҷмӯъ дуним миллион сомонӣ, муодили беш аз 300 ҳазор доллар, кумаки якдафъаина расонда шавад.

 Ӯ рӯзи 3 март бо имзои як қарор гуфтааст, ин миқдор пул аз ҳисоби «маблағҳои озоди буҷаи шаҳр» ҷудо шуда, ба заноне дастрас мегардад, ки «дар раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзиливу коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони мақомоти пойтахт ва сохторҳои он фаъолият доранд».Дар шаҳри Душанбе, ки расман ҳудуди як миллион аҳолӣ дорад, тақрибан дуним ҳазор зани роҳрӯб кор мекунанд ва маоши онҳо аз 600 то 800 сомонист. Ҳаштод дар сади кормандони Хоҷагии коммуналии пойтахт низ занон ҳастанд.

Кумакҳои шаҳрдорӣ барои занони роҳрӯб ва фаррош дар пойтахт дар остонаи “Рӯзи Модар”, яъне 8 март, дастрас мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *