80 зану марди мазҳабиро боздошт карданд
Дар пойтахти Ӯзбекистон ва ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд давоми чанд рӯзи охир наздики 80 зану марди мазҳабии аз 20 то 60-сола боздошт шудааст. Онҳоро ба пулис оварда, бозпурсӣ кардаанд.
Сурат Икромов, роҳбари Ташаббуси гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи мустақили Ӯзбекистон мегӯяд, ахиран як гуруҳ аз занон ба созмони онҳо шикоят овардаанд, ки субҳи 14 ноябр пулис манзилҳояшонро ҷустуҷӯ кардааст. Онҳо шаҳрвандонро бидуни санад боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи як зан, ӯро дар робита ба як пайвандаш, ки аз соли 2008 ба ин сӯ дар ҷустуҷӯст, бозпурсӣ кардаанд.
Дар манзили як зани дигар — Дилдора Аъзамова — танҳо дар як рӯз се маротиба ҷустуҷӯ гузарондаанд. Мақомот писари 23-солаи ӯро боздошт ва дар идораи пулис латукӯб кардаанд. Шавҳари вай Файзулло Аъзамов аз соли 2001 ба ин сӯ дар зиндон аст.
Шаби 16 ноябр ба ҷуз аз панҷ мард ва ду зан, боқии боздоштшудаҳоро раҳо карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ