900 пешниҳод ба санадҳои ҳуқуқӣ

Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ 2 феврал дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки фаъолияти Маркази миллӣ зикр кард, ки бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо мутахассисони Маркази миллии қонунгузорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Хусусан ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба зиёда аз 100 лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳои байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ дода шуд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 900 пешниҳодро дар бар мегирад.

Бо мақсади тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ байни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *