96-сола. Марги охирин аъзои ансамбли бачагонаи этнографии Помир
Охирин аъзои ансамбли бачагонаи этнографии Помир Азалбегим Мамадризоева 23 –уми феврали соли равон аз дунё гузашт.
Азалбегим Мамадризоева, 96-сола, узви ансамбли бачагонаи этнографии Помир, иштирокчии Даҳаи санъати халқи Тоҷикистон дар шаҳри Москва, соли 1941:
— Ҳунарнамоии аберагонам – наврасону бачагони Ансамбли бачагонаи мактаби санъати ноҳияи Рӯшонро аз Телевизиони Тоҷикистон тамошо кардаму хаёлам, беихтиёр, ба гузаштаи дур, замоне, ки ҳамагӣ 11 сол доштам, парвоз кард.
Ансамбли бачагонаи этнографии Помир дар ҳайати 32 нафар, ки аз нисф зиёдашон зодагони ноҳияи Рӯшон буданд, баъди машқҳо ва тайёрии семоҳа дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза), омада, моҳи апрели соли 1941 бо поезд ба шаҳри Москва сафар карданд. Ҳама чиз барои мо, бачагони Помир, ки бори аввал аз деҳаҳои кӯҳистонамон берун баромада будем, хеле аҷоибу ҳайратовар менамуд: мошин, самолёт, поезд, биноҳои бисёрошёна… Гӯё дар олами афсона будем. Ҳунарнамоии мо дар Театри калони СССР баргузор гардид. Ансамбли мо дар барномаи даҳа 4 номераро иҷро кард: хори умумӣ бахшида ба доҳии бузург Сталин, рақси бартангӣ дар иҷрои Зебо Искандарова, сурудҳои якка дар иҷрои Бачазан Маҳбатшоева бо номи «Ошёни булбулон» ва Абдулваҳоб Мирзошоев – «Ёри ман».
Баъди анҷоми консерт шоири машҳур Лоҳутӣ ҳамаи аъзои ансамблро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват карда, зиёфат орост. Аз он лаҳзаҳои хотирмон як сурати якҷояро гирифтем, ки дар китобу рӯзномаҳо чоп шудааст.
Бо супориши роҳбари давлати Советӣ Иосиф Сталин ба ҳар як узви ансамбли мо як ҳазор рубл тақдим гардид. Вақте ки ба зодгоҳам, ноҳияи Рӯшон, баргаштам, пулро ба падарам додам. Ӯ пулҳои бастаро дида ҳайратзада гуфт:
— Ман бо шутурам ҳар рӯз аз ҷангал се бандча ҳезум барои идораҳо меораму фақат 3 рубл музд мегирам. Ту бошӣ, бо як ҳунарат ин қадар пулро ба даст овардӣ, — гуфта аз шавқу хурсандӣ дар пойгаҳи хона ба рақс даромад.
Дар рӯзи кушодашавии Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман ва Артисткаи халқиии РСС Тоҷикистон Ғарибсултон Худоёрбекова 6 ҳазор сомонӣ чун туҳфа тақдим намуд. Хамаи ин гувоҳи қимату арзиши баланд доштани ҳунари асил аст. Шавқу ҳавас, ҳунару истеъдоди аберагонам ба ман хурсандию ифтихори зиёд овардааст. Умеду боварӣ дорам, ки ин наврасон ва ҷавонон санъати халқи Рӯшонро, ки шуҳрату маҳбубияти беандоза дорад, ба қуллаҳои нав ба нави комёбиҳо мебардоранд.
Лутфишоҳи Додо, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ