Ғолибияти мунтахаби “Мағриб”
Мунтахабҳои “Мағриб” ва “Бразилия” миёни ҳам бозии дӯстона анҷом доданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 бар нафъи марокоиҳо анҷом ёфт.
Голҳоро аз мунтахаби Мағриб Софиян Буфал ва Абдулҳамид Собирӣ дар дақиқаҳои 29-ум ва 79-ум ба самар расониданд.
Голи ягонаи Бразилияро бошад, Каземиро аз партофти Лукас Пакета ба самар расонд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 29-уми март тими мунтахаби Мағриб бо мунтахаби дигари Амрикои Ҷанубӣ — Перу як бозии рафиқона мегузаронад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ