Ақди никоҳи ориёӣ мӯд шудааст

Чанд сол аст, ки дар Эрон ақди ориёӣ байни домоду арӯс мӯд шуда, ҷавонон моиланд баъди никоҳи арабӣ барояшон ақди ориёӣ хонда шавад, то бо ҷумлаҳои форсӣ ба ҳам ибрози ишқ кунанд.

Ақди ориёӣ иттифоқи қашанге буда, маъмулан дар ин маросим духтар ва писар ба ҳам ибрози ишқ мекунанд ва ин лаҳзаи зебое аст.

Матни ақди ориёӣ:

Домод: Ба номи Яздон ман туро баргузидам аз миёни ҳама хубон.

Миёни ин гувоҳон бар лаб орам ин сухан бо ту. Барои зистан бо ту. Вафодори ту хоҳам буд дар ҳар лаҳзаву ҳар ҷо. Пазиро мешавӣ оё? Ту бо ман инчунин ҳастӣ, ки ман бо ту?

Арӯс: Ба номи Яздон пазиро мешавам меҳри туро аз ҷон ҳам акнун боз мегӯям миёни анҷуман бо ту. Вафодори ту хоҳам буд, дар ҳар лаҳза, дар ҳар ҷо. Барои зистан бо ту. Ту ҳам бо ман чунон бо меҳр паймон кун, ки ман бо ту.

Арӯсу домод: Ту чун ҳамошён хоҳӣ шуд бо ман, тамоми умр хоҳам буд як ҷон дар ду бадан бо ту. Биҳишти ишқ созам хонаро. Саршор аз меҳру нерӯву атру ёсуман бо ту!

Гувоҳони ин пайванд:

Ҳумоюн бод ин пайванд!

Ҳумоюн бод ин пайванд!

Ҳумоюн бод ин савганд!

Диловар ШЕРАЛӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *