Аҳлиддини Фахриддин суруди русиро бозхонӣ кард
Аҳлиддини Фахриддин, ки бештар бо таронаҳои ошиқиаш миёни ҷомеа шинохта шудааст, дар ютубканали шахсиаш суруди навашро бо номи “Любов обман” нашр намуд.
“Любов обман” асосан суруди сарояндаи машҳур Элдар Долгатов мебошад, ки овозхони тоҷик онро бозхонӣ кардааст. Ин аввалин суруд бо забони русист, ки Аҳлиддини Фахриддин барои ҳаводоронаш сароидааст ва то андозае таъсиррасону ҷолиб ҳам ҳаст.
Намоҳанги суруд ба матн мувофиқ буда, берун аз Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст. Он аз хиёнати ҷавон ба ҳамсараш қисса мекунад, ки мантиқан матни суруд ба ҳаёти пас аз ҷудоӣ мувофиқ меояд. Пушаймонии ҷавону гиряву дилозории духтар қисми зиёди намоҳангро дар бар гирифта, аз оқибати нохуби хиёнату ҷудоӣ ҳушдор медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ин суруди Аҳлиддини Фахриддин монанди сурудҳои қаблиаш тамошобини зиёд пайдо накард. Масалан, дар 10 соати аввали нашр танҳо 10 ҳазор маротиба онро дидаанд, ки дар муқоиса бо дигар таронаҳояш хеле кам аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ