Аҳмад Абдуллоев – падари профессор Абдуллоев даргузашт

Адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор Аҳмад Абдуллоев 24 июни соли 2022 дар синни 86 дар  Ӯзбекистон аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Тошканд хабар додааст.

“Бо андӯҳи гарон хабар медиҳам, ки устод Аҳмад Абдуллоев ба Ҳақ пайвастаанд. Ёдашон гиромӣ ва хонаи охираташон обод бод”,- навиштааст Фарғонӣ.

Аҳмад Абдуллоев, ки 15 марти соли 1936, дар деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омадааст, дар солҳои 90, баъди шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба зодгоҳаш кӯчид ва тақрибан 26 соли охир дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекард.

Номбурда  соли 1957 Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм карда, ду сол дар зодгоҳаш ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шудааст. Сипас  аспиранти АИ ҶТ (1959 – 62), ходими илмии Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ба номи Рӯдакӣ (1962 – 88), профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1988 – 90), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1990 – 96) буд.

 Аз соли 1996 профессор кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Профессор Аҳмад Абдуллоевро дар амал асосгузори риштаи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишкадаи Тирмиз мешуморанд.

Ӯ зиёда аз 10 монография ва 200 рисолаву мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методӣ таълиф намудааст. Абдуллоев асосан ба адабиёти форс-тоҷики асрҳои 11 – 12 ва намояндагони он Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Абулфараҷи Рунӣ ва дигар таваҷҷуҳи хосса дорад. Дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирону адибони мазкур дар навиштаҳои Абдуллоев ҷараёни адабии ин қарнҳо, масъалаҳои анвоъ ва услуби шеър, махсусан ашъори ғиноӣ, майлу равияҳои адабӣ, хусусиятҳои иҷтимоии адабиёт, оҳангҳои демократӣ ва оҳангҳои «деҳқонӣ»-и назм, хусусияти адабиёти дарборӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ шудаанд. Бозёфтҳои Абдуллоев дар омӯзиши осори Рӯдакӣ, кашфи абёти нав, қасидаи «Фиғония»-и Рӯдакӣ ҷолиби диққатанд. Абдуллоев дар баробари таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти як зумра шоирону нависандагон осори онҳоро низ ба табъ расонидааст. Девони комили Адиб Собири Тирмизии омоданамудааш соли 2001 ба табъ расид ва барои ин кор ӯ ҷоизаи махсуси Президенти ҶИЭ Сайид Муҳаммади Хотамиро гирифт. Аз охири солҳои 90 садаи XX Абдуллоев ба омӯзиши масъалаи басо муҳимми адабиётшиносии тоҷику ӯзбек – равобити адабии ин ду халқ дар мисоли Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Навоӣ ва таваҷҷуҳаш ба ашъори Рӯдакӣ, Анварӣ, Навоӣ ва шоирони Бадахшон машғул аст. Абдуллоев натанҳо муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик, балки муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик низ мебошад. Дар бораи С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Лоиқ, М. Қаноат, Гулназар, Б. Собир ва диг. мақолаҳои пурмӯҳтаво нигоштааст.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj  аз даргузашти адабиётшиноси варзидаи тоҷик  Аҳмад Абдуллоев андӯҳгин буда, ба пайвандону шогирдон, махсусан, писарашон олими тавоно, профессор Масрур Абдуллозода изҳори таслият ва аз даргоҳи Парвардигор сабри ҷамил хоҳонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *