Аҳмадзода 50-сола шуд. Ӯ кист?
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 50-сола шуд. Номбурда 16- уми сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода соли 1993 Институти химия — технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи корхонаи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори корхонаи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.
Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз 13 январи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд ва аз 8 марти соли 2018 раиси вилояти Суғд таъйин гардид. Ӯ бо медали ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ордени “Шараф” дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ