Аҳмадзода ба донишгоҳҳои Cуғд китобу антисептик туҳфа кард

Имрӯз, 19 август Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сирояти  COVID-19 аз муассисаҳои таҳсилоти олии маркази вилоят боздид намуд.

Номбурда бо ҳайати ҳамроҳонаш бо раванди таълим ва риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи политехникии ДТТ шинос гардид.

Раиси вилоят дар синфхонаҳо бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ суҳбат орост. Раҷаббой Аҳмадзода ба донишҷӯён гуфт, ки қоидаву тавсияҳои муқарраршудро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд ва барои таъмини саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намоянд.

«Роҳбарияти донишгоҳҳо барои пешгирӣ аз бемории коронавирус аз ҳисоби устодону донишҷӯëн навбатдоронро вобаста намуда, ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ҳамзамон корҳои безараргардонӣ дар муассисаҳои таълимӣ тибқи талабот сурат гирифта, пешниҳодоти идораҳои марбута дар самти тозагии бинову иншоот, санҷиши ҳамарӯзаи ҳарорати бадани устодону донишҷӯён, захираи маҳлулу маводи безараркунанда пурра риоя мегардад»-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти раиси вилояти Суғд.

Аз ҷониби роҳбари вилоят ба донишкадаву донишгоҳҳо китобҳои тозанашр ва маҳлулҳои безараркунанда, ниқобу маводи антисептикӣ туҳфа карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *