Аҳмадзода бо раисони Бодканду Фарғона дидор мекунад

Раисони вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ва вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар ҳамоиши тиҷоратии се вилояти наздисарҳадии минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд.

Ҳайатҳои шахсони расмӣ ва тоҷирон таҳти роҳбарии раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  22 апрел ба Фарғона ташриф оварда, бо ҳокими ин вилоят Хайрулло Бозоров дидору гуфтушунид мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар Фарғона  23 апрел таҳти унвони “Ҳамгироии қаламравҳои наздисарҳадӣ — гарави рушд” (Интеграция приграничных территорий — залог развития) ҳамоиши тиҷоратӣ доир мегардад. Дар доираи кори форум оид ба ҳамкорӣ дар саноат ва бахши кишовразӣ ду иҷлосияи соҳавӣ баргузор мешавад. Тавре ки “Азия плюс” дар такя ба манбаи худ хабар медиҳад, дар барномаи чорабинӣ ба вохӯрии роҳбарони се минтақаи наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли вилояти Фарғона боздид намуда, бо фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзии минтақа шинос мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *