Аҳмадзода ва Саидзода ба аёдати камбизоатони Ашт рафтанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода дар ноҳияи Ашт маъюбону камбизоатонро аёдат карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҳим Саидзода нахуст ба манзили оилаи Эшматовҳо, ки камбизоат мебошанд, омадаву ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расониданд.

Сипас, сокини деҳаи Ашти ноҳия Эшонбой Ғиёсиддинов, ки маъюб аст, аёдат карда шуд.

Раиси вилоят ва вазири маориф аз ҳоли собиқадори меҳнат Ҷумагул Эгамова низ хабар гирифтаанд.

“Ба аёдатшудагон ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр кӯмакҳои моддӣ расонида шуд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *