Чин

Аҳолии Чин кам шуд. Коҳиш идома меёбад?

Аҳолии Чин дар соли гузашта 850 ҳазор нафар камтар шудааст.

Идораи миллии омори Чин гузориш дод, ки аҳолии кишвар соли 2022 андаке бештар аз 1 миллиарду 411 миллион нафарро ташкил дод, ки аввалин коҳиш баъд аз соли 1961 аст.

Бо вуҷуди он ки Чин 7 сол пеш аз сиёсати таваллуди як фарзанд даст кашид, таваллуд дар кишвар зиёд нашуда, баръакс, кам шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар сурати идомаи коҳиши аҳолӣ, Чин нерӯи кофии кор намеёбад ва харҷи он барои хадамоти тиббӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ барои аҳолӣ меафзояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *