«Абарбомба»-и Амрико «Шери Язғулом», дӯсти Кабириро кушт

Дар натиҷаи партоби «абарбомба»-и Амрико дар ноҳияи Ачини Афғонистон фармондеҳи ҷангҷӯёни тоҷик дар гурӯҳи даҳшатафкани «Давлати исломӣ» (ДИ) Шермуҳаммад Сафаров ва 11 зердасташ кушта шудаанд.

Бино ба хабарҳо, Шермуҳаммад Сафаров, ки миёни ҷангиёни ДИ дар Афғонистон бо номи «Шери Язғулом» маъруф аст, моҳҳои ахир ҳамроҳи зердастонаш ба ноҳияи Ачини вилояти Нангарҳор паноҳ бурда буд.

Мақомоти Душанбе низ тасдиқ карданд, ки Сафаров фармондеҳии тоҷикистониёнеро, ки ба сафи ДИ пайваста буданд, ба зимма дошт.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 17 апрел хабар дод, ки кушта шудани Шермуҳаммад Сафаров тасдиқ шудааст ва дар ҳоли ҳозир шаҳрвандии 11 зердасти ӯ таҳқиқ мешавад. Бино ба баъзе иттилоъ, ҳамаи онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Муфассал дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа кунед

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *