Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мактаби тоҷикии “Тонг юлдузи”

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати “Тонг юлдузи”-и ноҳияи Чинози вилояти Тошканд боздид намуд.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд, сафирро муовини раиси ноҳия Насиба Қорабоева, директори мактаб Латипов Абдуҷаббор ва мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Чиноз Қойгелдиев Раҳимбердӣ, омӯзгорон ва толибилмон, инчунин гуруҳе аз падару модарон истиқбол гирифтанд.

А. Раҳмонзода нахуст аз бинои мактаб, қасри фарҳанги тоҷику ӯзбек,  кӯдакистон ва китобхонаи мактаб, ки соли 2008 дар доираи барномаи “Обод деҳа” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта шудаанд, дидан намудааст. Сипас, дар толори мактаб суҳбати сафир бо иштироки муовини раиси ноҳия, мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия, директори мактаб, омӯзгорон, толибилмон ва падару модарон доир гардидааст.

Дар идома сафир бастаи китобҳои бадеии адибони тоҷикро ба китобхонаи мактаб туҳфа намуда, сипас муовини раиси ноҳия, директори мактаб ва дигар омӯзгорону равшанфикрони ноҳия суханронӣ ва аз ташрифи сафир арзи сипосу ибрози хушҳолӣ кардаанд.

— Бояд гуфт, ки мактаби мазкур ба беш аз 386 нафар хонандагон таълими ройгон медиҳад ва аксари онҳо фарзандони мардуми тоҷиктабори ҷамоати деҳоти Тонг юлдузи ноҳияи Чиноз мебошанд. Ҳоло беш аз 15 нафар хатмкардагони ин мактаб ба донишгоҳҳои мухталифи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дохил шудаанд, ки натиҷаи заҳмати омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *