Абдуфаттоҳи Ғоиб: Гирифтани номи манн амри табиист…
Абдуфаттоҳи Ғоиб, Директори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гуфт, ки дар пурра қатъ шудани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи бародараш Наҷмиддин Саидов — раҳбари намояндагии «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Данғара даст надорад.
Ӯ гуфт, ки «аз он ки бегуноҳии бародари ман собит шуд, ин натиҷаи волоияти қонун дар Тоҷикистон аст. Чун дар кирдори бародарам таркиби ҷиноят набудааст, озод карданд. Шукр, ки имрӯз волоияти қонун ҳаст.» Абдуфаттоҳи Ғоиб дар мавриди он ки дар ин замина номи ӯ бештар сари забонҳо буд, гуфт, «мо фарди вазифадор ҳастем ва ҳатман номи моро менависанд, ё мегиранд. Ин як амри табиӣ аст.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ