Абдуллоҳ ва Карзай чӣ нақша доранд? Магар дар асл онҳо хоҳони сулҳу салоҳанд?
Раисҷумҳури пешин ва раиси пешини Шӯрои оштии миллии Афғонистон имрӯз бо намояндагони кишварҳои Русия, Чин ва Покистон дидор карданд
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ раиси Шӯрои оштии миллии Афғонистон дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки дар ҳузури раисҷумҳури пешин Ҳомид Карзай ахиран бо намояндаи махсуси Русия Замир Кабулов, намояндаи махсуси Чин Сяо Ёнг ва намояндаи махсуси Покистон Содиқхон мулоқот ва масъалаҳои кунунии кишварро баррасӣ карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай афзуд, дар ин нишаст, ки сафирони Русия ва Покистон дар Кобул низ ҳузур доштанд, ба ташкили ҳукумати фарогир ва мақбул барои мардуми Афғонистон таъкид карданд.
Оқои Абдуллоҳ афзудааст, ки вакилон ҳамчунин ба зарурати таҳкими сулҳу субот, сиёсати муътадил, эҳтироми ҳуқуқи занон, таълими баробар барои афғонҳо ва ҳамкории минтақаӣ таъкид карданд.
Дар охир Абдуллоҳ Абдуллоҳ навиштааст, ки дар ниҳоят ба талошҳо ва ҳамкории кишварҳои номбурда сипосгузорӣ ва қадрдонӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон низ мулоқот карда буд.
Аммо дар ҳамин замина дар аксари саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, навиштаҳое пайдо шуданд, ки ин ду собиқро хоину Ватанфурӯш ном бурдаанд ва нисбаташон нобоварӣ изҳор доштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ