Абдулло Раҳнамо: Мухолифон ҷониби музокира нестанд (Видео)

Ҳамчун корманди бахши илмию таҳлилӣ шояд дар садҳо чунин конфронс ширкат доштам. Тасаввури ман аз ин нишаст сараввал ҳамчун як конфронс буд. Яъне, андешаҳои худро мегӯӣ, назари дигаронро мешунавӣ ва баҳсу баррасӣ мешавад.

Ҳамоиши солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба меъёрҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар аз 16 то 26 сентябр дар Варшава баргузор шуд. Дар он ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифони давлати ин кишвар иштирок доштанд. Мо бо мушовири раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ва узви ҳайати давлатӣ дар ҳамоиши Варшава Абдулло Раҳнамо мусоҳиб шуда,  дар атрофи баҳсу мунозирот ва натоиҷи ин нишаст ҳарф задем.

-Шумо бори нахуст дар нишасти Варшава ширкат доштед. Бардоштатон аз нишаст чӣ гуна аст?

-Ҳамчун корманди бахши илмию таҳлилӣ шояд дар садҳо чунин конфронс ширкат доштам. Тасаввури ман аз ин нишаст сараввал ҳамчун як конфронс буд. Яъне, андешаҳои худро мегӯӣ, назари дигаронро мешунавӣ ва баҳсу баррасӣ мешавад. Дар охир ҳам қатънома ё тавсияномаҳо қабул мешавад. Аммо пас аз чанд рӯз назарам дигар шуд. Ин ҳамоиш ду ҳафта идома дошт. Ба назари ман, ин конфронс набуд, балки як ҳамоиш муҳандисишудае буд, ки он чанд хусусият дошт.

Якум, дар он теъдоди ширкаткунандагон хеле зиёд буд. Беш аз якуним ҳазор вакил ширкат дошт. Вақт барои суханронӣ низ маҳдуд буд.

-Гуфта мешавад, барои суханронӣ танҳо 2 дақиқа вақт ҷудо шудааст. Бештари ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки дар фурсати хеле кӯтоҳ имкони ибрози назар душвор аст.

-Бале. Аз сӯйи дигар барои узви ҳайатҳо танҳо як маротиба имкони суханронӣ дода мешуд. Яъне, на ибрози назар мешавад, на баҳс мешавад ва на тавсияҳо қабул мешавад. Натиҷагирӣ баъдан дар худи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) сурат мегирад. Ин нишаст як навъ эълони мавқеъҳо ё манфиатҳо буд. Чун вақт кӯтоҳ буд, барои намояндагони мухолифон як фурсате барои гуфтани ҳарфҳояшон ва таблиғ кардани худашон фароҳам гардид. Аз ҳамин назар, ин як чорабинии хосе буд. Дар ин ҷо ҳеҷ масъале ҳал намешуд. Аммо ман як чизи дигареро мушоҳида кардам. Ҳошияи нишаст аз худи нишаст муҳимтар буд. Дар утоқҳою роҳравҳо мулоқотҳои муҳим миёни вакилони давлатҳо, сафирон ва гурӯҳҳои мухолифон анҷом мешуд.

-Дар наворҳои видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуданд, дида мешуд, ки дар ҷараёни ҳамоиш миёни ҳайати давлатӣ ва намояндагони мухолифони давлати Тоҷикистон баҳсҳои тезутунде сурат гирифтанд. Умдатан сари кадом мавзӯъҳо баҳс мешуд?

-Чунин тасаввур мешавад, ки мавзӯи аслӣ дар ҳамоиши Варшава масоили Тоҷикистон бошад. Баръакс, бештари баҳсу мунозирот дар атрофи равобити миёни Русия ва Украина сурат гирифтанд. Ҳамчунин, баҳси кишварҳои Балкан, баҳси кишварҳои Назди Балтик бо Русия ва Аврупо тӯлонию гарм буд. Азбаски дар фазои иттилоотии мо бештар баҳсҳои масоили Тоҷикистон пахш шуданд, дар Душанбе гумони он мерафт, ки баҳси тоҷикон дар нишаст муҳим ва “доғ” буд. Ин тур нест. Нисфи баҳсҳо дар нишасти Варшава ба масоили Русия ва Украина, аз ҷумла, Қрим ихтисос дошт.

Дуюм, дар ҳамоиш баҳсҳои тезутунди рӯ ба рӯ миёни ҳайати давлати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифон сурат нагирифтааст. Дар ҳамоиш ду қоидаи низомномавӣ ҳаст. Аввал, агар яке аз нотиқон аз мавзӯъ хориҷ шавад ё ҷониби дигарро таҳқир кунад, ҷониби дигар метавонад аз тариқи бардоштани даст ин суханрониро қатъ кунад ва гардонанда тақозо кунад, ки сари мавзӯъ суҳбат карда,  аз таҳқир худдорӣ кунад. Танҳо ҳамин лаҳзаҳо тезутунд буданд. Дуюм, намояндагони ҳар давлат бидуни номнавис шудан дар муддати 1 дақиқа ҳаққи посух гуфтанро доранд. Бад — ин тартиб дар ҳамоиш баҳси рӯ ба рӯи ҳайати давлат ва мухолифон сурат нагирифт.

-Дар наворҳои видеоӣ мушоҳида мешуд, ки Зариф Ализода, роҳбари ҳайати давлати Тоҷикистон намояндагони мухолифонро ба таҳқиру тавҳини давлат ва роҳбари кишвар муттаҳам кард.

-Бале, бо истифода аз ҳаққи ислоҳ кардан ва ҷавоб додан роҳбари ин ҳайат ин корро карданд, зеро суханронҳое буданд, ки берун аз чорчӯбаи одоб сурат гирифтанд. Роҳбари ҳайат аз гардонанда талаб кард, ки пеши роҳи таҳқиру тавҳинро гирад ва ҳамоишро ба қавле “ба бозор табдил накунад”. Рӯшан буд, ки намояндагони мухолифон аз қабл мавзӯъҳоро омода карда, худро номнавис мекарданд ва онро қироат мекарданд. Бинобар ин, роҳбари ҳайат ё барандаи ҷаласа суханронии онҳоро қатъ карда,  тақозо мекард, ки сари мавзӯи матраҳ суҳбат кунанд.

-Умдатан миёни ҳайати давлат ва мухолифон сари кадом мавзӯъҳо баҳсҳо сурат гирифтанд?

-Мавзӯъҳоро ҷониби давлат ва мухолифон муайян намекунанд. Дар муддати 14 рӯзи кори ҳамоиш ҳамарӯза 2 масъала баррасӣ мешуд. Феҳристи мавзӯъҳо аз қабл аз ҷониби САҲА тарҳрезӣ шудааст. Агар рӯзи аввал мавзӯи озодиҳои сиёсӣ бошад, рӯзҳои дигар интихоботҳои озоду шаффоф, озодии баён, дин, шиканҷа, ҳуқуқҳои ақаллиятҳои қавмию динӣ ва ғайра матраҳ мешуданд. Аъзои ҳайати давлати Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқшиносону мутахассисони дигар иборат буданд, аз рӯи салоҳияти худ дар ин баҳсҳо ширкат ва суханронӣ карданд. Мухолифон низ дар ин баҳсҳо ибрози назар карданд. Яъне, баҳсҳо дар доираи рӯзномаи ҳамоиш сурат мегирифт.

-Ҳамоиши Варшава барои ҳайати Тоҷикистон ва мухолифон як майдони табодули назар буд. Дар ҷараёни баҳсҳо аз нуқтаи назари мухолифон огоҳ шудед, ки онҳо чӣ мехоҳанд?

-Ба назари ман, ин ҳамоиш саҳнаи муколама набуд. Аввал формати нишаст чунин имконро намедод. Дуюм, салоҳият ё вазифаи ҳайати давлат муколама ё музокира бо мухолифон набуд, балки дар доираи мавзӯъҳои баррасишаванда ҷониби Ҳукумат мавқеъ ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қиболи ин мавзӯъҳо иброз медоштанд. Мухотаби мо на мухолифон, балки ҳайатҳои 57 кишвари иштирокчӣ буданд. САҲА аз давлатҳо муташаккил шуда, ҳамоиши Варшава низ муколамаи ҳайатҳои давлатҳо маҳсуб мешуд. Намояндагони мухолифон ҳамчун созмонҳои ҳошиявӣ даъват шуда, андешаҳои худро иброз медоранд. Аз сӯи дигар, рӯҳияи хашини намояндагони мухолифон барои гуфтугӯи созанда имкон намедод. Онҳо аз оғоз бо лафзи таҳқиромез нисбати ҳайати давлат ва танқид суҳбат карда, барои тақвияти гуфтаҳояшон мисол ё фактҳои куҳнаро меоварданд. Мавқеи онҳо навъи ҳуҷум ба мавқеи давлат буд. Ман ҳамчун як тоҷик ва корманди бахши фикру илмӣ то ҳадде дар хиҷолат будам, ки чунин раҷазхонӣ дар ҳузури 57 кишвар ҳеч маънӣ надошт. Зеро бархе аз кишварҳое, ки муаллифи буҳронҳо ҳастанд, дар он ҷо ҳузур доштанд. Агар ин кишварҳо барои мо марҷаъ ё наҷотбахш мебуданд, ки бисёр масоил кайҳо ҳал мешуд. Имдодхоҳӣ ва муроҷиати намояндагони мухолифон ба ин давлатҳо нишонаи он буд, ки онҳо равандҳои ҷаҳонию минтақавиро сарфаҳм намераванд. Ин андеша, ки агар дардамонро дар САҲА гӯем, дардамон даво мешавад, дуруст нест. Шояд мухолифон бо истифода аз ҳамоиши Варшава мехостанд фақат дардҳои худро баён кунанд.

-Намояндагони мухолифон аз номаи мухолифи зиндонӣ Маҳмадалии Ҳайит, ки дар нишаст аз ҷониби шумо қироат шуд, интиқод карда, гуфтанд, ки дар нома таъкид шудааст, ки “ман рӯзи 11 сентябр шиканҷа нашудам”. Яъне, имкон дошт, ӯ рӯзи қаблӣ ва баъдӣ мавриди шиканҷа қарор гирад.

-Дар иртибот ба баёноти Маҳмадалии Ҳайит ман ба мақомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ боварӣ дорам. Онро аз шахсиятҳои муътабар дарёфт кардем. Онҳо дар ҳақиқат бо Маҳмадалии Ҳайит суҳбат карданд, бо дасти худи Ҳайит ин мактуб навишта шудааст. Ӯ хати хоси худро дорад, ки тақлид карда намешавад. Аз ин лиҳоз, ман дар ба асл будани нома шакке надорам. Дигар, қаблан хабарҳо буд, ки гӯё Маҳмадалии Ҳайит рӯзи 11 сентябр шиканҷа шудааст, аз ӯ пурсиданд, ки “он рӯз шиканҷа шудед, гуфт, не”. Яъне, ҳам савол ва ҳам ҷавоб мушаххас будаанд. Чун мухолифон бо давлат дар ҳолати ҷанги иттилоотӣ қарор доранд, хостанд ин номаро беарзиш кунанд. Зеро ин нома тамоми бофтаҳою нақшаҳои онҳоро шикаст.

Агар дар бораи зиндониҳои сиёсӣ суҳбат кунем, ман ҳеҷ гоҳ аз зиндонӣ шудани касе хурсанд нестам. Ин тасаввур, ки мо аз зиндонӣ шудани афрод шод ҳастем, нодуруст ва бераҳмона аст. Бинобар ин, ман дар ҳамоиш изҳор доштам, ки ман ҳамчун инсон ин фоҷеаро дарк мекунам. Вақте писари Маҳмадалии Ҳайит дар ин ҷо суҳбат кард, чун инсон таҳти таъсири инсонӣ қарор гирифтам. Ҳамзамон, таъкид кардам, ки суиистифодаи ин қазия ҳамчун сармояи сиёсӣ ё барои грант гирифтан шоистаи инсон нест. Дигар, ин нома иддаоҳоро дар бораи он, ки Маҳмадалии Ҳайит сахт шиканҷа шуда, роҳ рафта наметавонад, дастонашро шикастаанд, барбод дод. Ин нома барои мухолифон ногаҳонӣ ва зарбаи сахте ба тарҳҳои онҳо буд. Аз ин лиҳоз, аксуламали мухолифонро нисбати нома табиӣ арзёбӣ мекунам.

-Дар муддати ду ҳафта, ки ҳамоиш ширкат доштеду бо намояндагони мухолифон ҳам гуфтугӯҳои сарироҳӣ анҷом додед, ба назари шумо имкони наздикшавии мавқеи мухолифону давлат вуҷуд дорад?

-Ман шоҳиди зиндаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳастам. Ихтилофоти мухолифону давлат дар солҳои 1992-94 хеле бузургтар аз ин буд. Қудратҳо ҳам ҳузур доштанд. Аммо дар ҳамоиши Варшава мо ду ҷониб набудем. Ҳоло ҳукумати қавӣ ҳаст, мардум дар атрофи он муттаҳиданд. Ваҳдати миллӣ ва субот вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз ин тасаввур дуруст нест, ки ду тараф бо ҳам мухолифат дорад. Фақат чанд нафар аз раванди таърихии ваҳдату давлатсозию миллатсозӣ дар Тоҷикистон дар канор мондаанд. Мантиқ он аст, ки ҷузъ ба кулл бояд бипайвандад.

Аммо дар умум, муштаракоти зиёде ҳаст. Дар ҳамоиши Варшава ман эҳсоси душманӣ ё бадбинӣ надоштам. Вақте ҷониби дигар моро душман ном мебарад, мутаассифам. Онҳо мегуфтанд: “Душман чунин гуфт, душман мехост моро бо пахта кушад”. Талош доштам, бо намояндагони мухолифон суҳбати одӣ дошта бошам. Аз саломатиаш, аз хонаводааш пурсон шавам. Аммо онҳо баробари дидани мо “ҳа, намояндаи режим” мегуфтанд ва рафторашон хашин буд. Ин вазъ имкони суҳбатро аз байн мебурд.

Ёд дорам, вақте Пешвои миллат бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ дидор мекарданд, намегуфтанд: “Ҳой душман!” Аввал аҳволпурсӣ мекарданд, сари як пиёла чой суҳбат мекарданд. Баъд сари масъалаи асосӣ меомаданд. Аммо ҷавонони мухолифи феълӣ баробари дидани ҷониби дигар шурӯъ ба ҳамла мекунанд. Дар чунин вазъият ҷойе барои суҳбат боқӣ намемонад.

Мо бояд ба ҷанбаҳои инсонӣ бештар таваҷҷуҳ кунем. Бо С.А.Нурӣ ва М.Ҳимматзода шиносоии тўлонӣ ва зиёд дидор доштам. Ман 4-5 номаи Ҳимматзодаро дорам, ки дар бораи ихтилофи назараш бароям фиристодааст. Дар ягон ҷо ҳатто вожаи “ту”-ро истифода накардааст. Навиштааст: “Бародари гиромӣ, ин андешаи шумо дуруст нест”. Устод Нурӣ ҳатто баланд суҳбат намекард. Пас,  чӣ гуна як гурӯҳи дур аз ин фарҳанг даъво кунад, ки “мо идомаи ҳамон фарҳанг ҳастем”. Аз сатҳи фарҳанги пешини мухолифон чизе боқӣ намондааст. Ин воқеъият аст. Он чизҳое, ки мухолифони феълӣ дар расонаҳо менависанд, роҳбарони мухолифони пешин зинда мебуданд, ҳатман маҳкум мекарданд. Зеро ҳама навиштаҳо саршори ҳақорату дашноманд. Чӣ гуна мешавад, ки исломӣ бошаду чунин ҳақорату дашном кунад. Дар сайтҳояшон дар як тараф ҳадису насиҳат дар тарафи дигар ҳақорату дашном ва туҳмат. Дар як ҷо имкони ғунҷидани имону ҳақорат вуҷуд надорад. Ин тазоди фикрӣ аст. Шояд ҳоло барои онҳо давраи стресс бошад ва гузарад. Барои тамоси инсонӣ бояд марҳилае сипарӣ шавад, то зеҳнҳо ором шаванд. Шояд фоҷиаи хонаводагӣ ва инсонии онҳо болои рафторашон таъсири ҷиддӣ гузоштааст.

Ҳоло давлати Тоҷикистон ҳеч ниёзе барои музокира бо ин гурӯҳи мухолифон надорад. Вале онҳо низ бахше аз ин миллат ҳастанд. Ба қонунҳои Тоҷикистон тағйироте ворид гардид, ки ҳар нафаре пушаймоншуда ба Ватан баргардад, афв шуда, ва ба зиндагии осоишта бармегардад. Агар афроди мухолиф аз ин фурсат истифода кунанд, барояшон муфид хоҳад буд. Зеро ман дар хиёбонҳои шаҳр садҳо намояндагони собиқи Ҳизби наҳзатро мебинам, ки зиндагии осоишта доранд. Ҳатто раҳбарҳояшон ба мисли Саидиброҳим Назар, Аёмиддини Саттор, Раҳим Карим, фарзандони Саид Абдулло Нурӣ дар кишвар зиндагии осоишта доранд. Вале он тахайюл, ки музокира, сулҳ мешаваду шартнома имзо мешавад, нодуруст асту дар ғурбат ҳаёташон месӯзад.

-Зимнан, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба “Коммерсант” нашрияи чопи Маскав гуфтааст, ки “мо барои оштӣ додани ҷонибҳои мухолиф дар Тоҷикистон мусоидат мекунем”. Манзури Лавров аз ин ҳарфҳо чӣ буд?

-Ба назари ман, мухолифон ҳамчун гурӯҳ, созмон ё потенсиал хеле заифанд. Ин танқид не, арзёбӣ аст. Бубинед, чанд нафар бо чӣ идея ва зарфият он ҷо ҳастанд? Агар аз мардум суол шавад, ки чанд нафари онҳоро мешиносад, посух манфӣ хоҳад буд. Он шахсиятҳои сатҳи миллии мухолифон дигар нестанд. Аз ин лиҳоз, мухолифони феълӣ ҷониби музокира нестанд. Вале равандҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ қонунмандиҳои худро доранд. Масалан, дар ҳамоиши Варшава як гурӯҳ ҷудошавии Қароқалпоқистонро аз Ӯзбекистон талаб доштанд. Инро ҳатман як кишвари минтақа дастгирӣ мекунад. Дар натиҷа, ин масъала бузург шудааст. Сафири Ӯзбекистон мегӯяд, ки дар дохили ин кишвар чунин масъала аслан вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, баёнияҳои кишварҳои абарқудрат бозгӯи манфиатҳои геополитикии онҳост. Ин маъниро надорад, ки Русия барои музокироти ҷонибҳо миёнҷигарӣ мекунад. Русия ҳамчун узви Созмони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкорҳои Шанҳай кайҳо ҲНИТ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ пазируфтааст. Ҳарчанд Русия расман дар ин замина эълон надоштааст, вале шарт нест, ки ҳар узви ин созмонҳо дар алоҳидагӣ ин корро кунанд. Зеро ҳамаи қарорҳои Созмони ҳамкориҳои Шанҳай бо орои умумӣ ё консенсус қабул мешавад. Аз ин лиҳоз, фикр мекунам, ишораи Сергей Лавров ҷанбаи геополитикӣ дошт. Баъдан, ин суханони Лавров дар мусоҳиба лағв шуд.

-Натиҷагирии шумо аз ҳамоиши Варшава чӣ гуна аст? Оё тасмиму қарорҳои ин ҳамоиш иҷро мешаванд ва дар ҳали мушкилоти кишварҳо кумак мекунанд?

-На. Аввал, ҳамаи тасмимҳою қарорҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо ризояти ҳамаи кишварҳои узв ва ба таври консенсус қабулмешавад. Ҳеҷ гоҳ 57 кишвар сари як масъала ба мувофиқа намеоянд. Ба ин далел қарорҳои САҲА ҷанбаи машваратӣ дорад. Дигар, формати ҳамоиши Варшава чунин аст, ки як масъала ҳамаҷониба баррасӣ шуда ва роҳҳои ҳалли он пайдо намешавад. Дар поёни ҳамоиш натоиҷи он интишор гашта ва ҳамаи фикру андешаи ҷонибҳо ба унвони Феҳристи дидгоҳҳо дарҷ мешаванд. Мушкили ҳар кишвар бо шумули Тоҷикистон дар дохили кишвар бо ширкати мардум ҳал хоҳад шуд.

Як ҷанбаи ҷолиби ин ҳамоиш он аст, ки дар канори гурӯҳҳои мазҳабӣ намояндагони созмонҳое ширкат доштанд, ки ҷонибдори низоми дунявӣ ва демократӣ буданд. Масалан, созмони “Ватандор”, шахсиятҳое ба мисли Ҳафиз Бобоёров, Ҳокимшо Муҳаббатов ва Додоҷон Атовуллоев ҷонибдори платформаи миллии демократӣ буданд. Ин ҳарфи ҷиддӣ дар муқобили ақидаи ифротӣ аст. Дар дохили Тоҷикистон низ зиёиён, фарҳангиён, журналистон, муаллимон бояд дар муқобили андешаҳои ифротӣ платформаи худро эҷод кунанд. Мақсад мубориза бо шахс ё гурӯҳе набошад. Бо онҳо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ мубориза мебаранд. Зиёиёну фарҳангиён бояд муносибати худро бо падида муайян кунанд. Масалан, бо падидаи ифротгароӣ, ки хашин асту бо арзишҳои миллию демократӣ ва сулҳу субот дар набард аст, мухолифат кунанд ва садои муштарак дошта бошанд.

-Сипос.

Мусоҳиб

Мардони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *