Абдуллозода ва Асозода дар Беморхонаи марказии шаҳри Норак
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода якҷо бо раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода аз Беморхонаи марказии шаҳри Норак дидан намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни боздид Ҷамолиддин Абдуллозода ва Дилшод Асозода бо рафти хизматрасонии беморхонаи мазкур, аз ҷумла фаъолияти шуъбаҳои он шинос шудаанд. Ҳамзамон, номбурдагон дар беморхонаи мазкур бо беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, доир ба сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсидаанд.
— Дар идомаи боздид Ҷамолиддин Абдуллозода ва Дилшод Асозода вобаста ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавирус дар миёни аҳолӣ ва дигар масъалаҳо бо роҳбарият ва кормандони беморхона мубодилаи афкор намуданд. Баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ