Абдулмумин Шарифӣ: “Муҳим пули театр аст, на ҳунар ва тамошобин” (Видео)

Абдулмумин Шарифӣ, актёри маъруфи театру кино меҳмони навбатии барномаи “Корзина” дар ютюбканали  pressa.tj буд…

— Чаро номи шуморо дар системаҳои ҷустуҷӯӣ ду хел: Абдулмумин ва Абдумумин менависанд ва мекобанд, лутфан бигӯед, ки кадомӣ дуруст аст?

— Номи ман арабӣ аст ва шакли дурусташ Абдулмуъмин аст. Аммо, мутаассифона, дар ҳама ҳуҷҷатҳо Абдумумин сабт шудаам ва ҳамин хел монд. Дар интернету рӯзномаҳо бошад, бештар Абулмумин менависанд.

-Шумо гуфтаед: “Ҳарчанд, ба қавли баъзе дӯстон, аз навиштан ҳам ҳеҷ фоида нест, бо вуҷуд менависам. Агар имрӯз фоида наовард, фардо Худо хоҳад, меорад. Банда бо умед аст. Ин дақиқ аст, ки фарзандони мо мисли мо нахоҳанд шуд…! Барои чӣ мисли шумо нашаванд ва онҳо бояд чӣ гуна бошанд ва чӣ гуна мешаванд?

— Ман ҳар чизе, ки гуфтам, аз таҷрибаи рӯзгор гуфтам, аз ҳар чизе, ки хондаму дидаму шунидам. Вақт ҳамеша дар ҳаракат ва гардиш аст, ин дар ихтиёри мо нест ва ҳар нафар зодаи вақти худ аст. Ҳарчанд бисёриҳо кӯшиш карданд, ки фарзандонашон мисли онҳо бошанд, аммо нашуд. Ман худам мисли худам нестам, пас, куҷо фарзанди ман мисли ман шавад? Ман умед дорам ва бисёр мехоҳам фарзандони мо, насли ояндаи мо инсон шаванд.

— Шумо гуфтаед: “Аз ҳамон рӯзе, ки ба театр иҷборан овардани бинанда шурӯъ шуд, театр бинандаи худро аз даст дод”. Бигӯед, ки иҷборан ба театр бурдани хонандагону донишҷӯён айби кист ва чӣ бояд кард?

— Айби ҳамаамон. Аз мо сар карда, то масъулини фарҳанг. Ба театр иҷборан бурдани тамошогар солҳои 80-уми асри гузашта оғоз ёфта буд. Намедонам ба фикри чӣ касе ин кор омад ва ин хатои бисёр бадро шурӯъ карданд. Театр ҳам монанди инсон аст. Замоне солим, вақти дигар мариз аст. Ҳамон замон шояд буҳрони ҳунарӣ буд ва тамошочиён камтар ба театрҳо мерафтанд ва ҳамин фикр пайдо шуд, яъне модоме ки онҳо намеоянд, бояд онҳоро маҷбурӣ овард. Ҷое ки ҳунарро сайқал диҳанд, ҷое, ки худро ислоҳ кунанд, ба корҳои бад даст заданд ва имрӯз мо заҳри он рӯзро менӯшем. Мо бояд худамонро такмил медодем, аммо кори дигар кардем. Ва қонуне аст: “Ҳеҷ кор иҷборӣ намешавад, ба хусус  эътиқоду  маънавиёт!”

Ҳоло ҳам бошад дер нашудааст ва бояд мо аз иҷборан ба театрҳо овардани бинандагон даст кашем. Албатта, шояд 5-10 сол сахт азоб кашем, аммо оянда хуб мешавад. Агар ин корро накунем ҳеҷ вақт театр бинандаи хоси худро пайдо намекунад.

— Имрӯз аз театр наомадан ҳамагон меноланд, оё дар ҳама давру замин ҳамин тавр буд?

— Не. Чунки театр ҷойи хоссаҳо аст. Яъне, нафароне ки ин ҷоро дӯст медоранд, эҳтиром мегузоранд, як чиз гирифта метавонанд, бояд биёянд. Ҳоло бояд мо коре кунем, ки ҳамон аҳли зиёву фарҳанг ба театр омада, ғизои маънавии гирифтаашонро ба шаклҳои гуногун ба ҷомеа расонанд.

— Шумо гуфтаед: Ман сабаби аз театр дур шудани бинандаро баробар мебинам. Агар нисф ҷомеа гунаҳкор бошад, нисфи дигар театр гунаҳкор аст. Лутфан гуноҳи ҷомеаро аз гуноҳи театр ҷудо кунед.

— Мо як давраи бисёр сахтро аз сар гузаронидем ва аз ҳама ҷиҳат зарар дидем. Ҳоло ҳам шарбати талхи он рӯзҳои бадро менӯшем. Ман барои он гуноҳро ду тақсим кардам, ки театр ҳам як қисми ҷомеа аст. Хоҳӣ нахоҳӣ дар он маҷро ҳаракат дорад ва аз ҳама талхиву шириние, ки маҷро дорад, бархӯрдор мегардад. Гуноҳи театр дар он аст, ки бояд ҷомеаро аз паси худ барад, бояд кӯшиш кунад, ки мардум аз паси театр оянд ва он ҷо худро ёбанд. Аз бадиҳо гурезанд, ба некиҳо бипайванданд. Ва ҷомеаро ба андешидану кори нек кардан водор кунад. Айби ҷомеа дар он аст, ки имрӯз аз китобу рӯзнома ва театр бисёр дур шудааст.

— Шумо гуфтаед: “Намоишномаҳое ҳастанд, ки онҳоро намоишнома гуфтан гуноҳ аст”. Кадом намоишномаҳоро мо ба забон наорем?

— Ҳозир агар ман дар бораи дилхоҳ намоишнома ҳарф занам, хоҳ таъриф кунам, хоҳ танқид маънии дигар мегирад, чун ман одами ҳамин касб ҳастам. Ва мегӯянд, ки пушдибонӣ кард, бахилӣ кард ё чизи дигар. Дур намеравем, худатон як бор намоишномаҳои театриро бодиққат тамошо кунед, хуб мефаҳмед, ки кадомеашро намоишнома гуфтан гуноҳ ва кадомеашро савоб аст. Ҳатто намоишномаҳоеро дидам, ки куллан зидди фарҳангу забони тоҷикӣ ҳастанд, аммо чӣ кор кунем, ки онҳо ҳастанд ва қабул шудаанд. Аз дасти мо фақат оҳу вой меояд.

— Шумо гуфтаед:   “Вақте нақшаи молии театрро бардоштанд, театр ба бозор табдил ёфт. Ҳоло мақсади театр ҳамин нақшаи пулиро иҷро кардан аст. Дигар ҳунар дараҷаи дуюму сеюму чандумин шуд. Дар ҳеҷ давлати дунё чунин нашудааст, ки театр манбаи даромад қарор гирифта бошад. Театр манбаи маънавӣ буд, ягон давлати дунё ин корро накардааст”. Лутфан бигӯед, ки нақшаи солонаи театр чанд сомонӣ аст?

— Нақшаи солонаи театр 380 000 сомонӣ аст. Ин дар ҳолест ки дар театри мо 220 ҷойи нишаст аст ва барои нақшаро иҷро кардан мо бояд ҳа рӯз 2-3 намоиш монем. Аҷобати кор дар он аст, ки вақте нақшаи солона 60 000 буд, ҳамин гуна будем ва ҳоло 380 000 шудааст, боз ҳам ҳамин хелем. Ягон тағйирот нест. Шароит, имконот, ҳоли театр, маоши ҳунармандон ҳама якранг боқӣ мондааст, ба ҷуз нақшаи молӣ.

Ҳозир театр дар фикри он аст, ки намоише омада кунад, ки хароҷоташ, ҳунармандаш, даводаваш кам бошад ва имконоташ бештар бошад, ки сафар барояд, то ки барои нақшаи пулиро иҷро кардан қадаме гузорад. Дигар театр нест, ҳунар нест, маънавиёт нест, тарбияи фарҳангӣ нест. Ҳама фикр барои иҷрои нақша банд аст.

— Шумо гуфтаед:   “Мо бо рӯзноманигорон, нависандаҳо, бо олимон муносибати хуб надорем. Вақте даъватнома мебарем, ки марҳамат ройгон ба театр оед, ҳамин фарҳангиҳо намеоянд. Ёдам ҳаст чанд сол пеш тамоми хабарнигорон, кормандони рӯзномаҳоро худам шахсан даъват кардам, занг задам, ки дари мо боз аст, марҳамат ташриф оред. Аммо танҳо бист дарсад омаданду халос. Мо низ онҳоро ҳамин хел қабул мекунем”. Чаро фарҳангиёнамон бо ҳам созиш карда наметавонанд?

— Имрӯз ҳар кас дар деги худ меҷӯшад. Рӯзноманигорон бо худ, нависандагон бо худ, ҳунармандон бо худ, овозхонҳо бо худ ва қариб, ки якдигарро намебинем, намешиносем, то даме ки ягон маҳфили расмӣ шаваду он ҷо вохӯрем. Ва вонамуд мекунем, ки аз рӯзгору заҳмати якдигар бохабарем. Ҳақиқатан ҳам чандин маротиба театр намоишномаи хубашро, ки ҷоизаҳои дохиливу хориҷӣ доранд, ройгон барои аҳли илму адаб намоиш дод ва мо даъват кардем, аммо бисёр кам омаданд.   

-Шумо гуфтаед:  “Ҳамин ҳоле, ки имрӯз ҳаст, Худо нигоҳ дорад. Ман боз мегӯям, ки ҷисм мариз шуд, табобат накунӣ, ба нестӣ меравад. Имрӯз театр ҳамон ҷисми маризро мемонад. Агар ҳамин ҳол бошад, театр аз байн меравад. Мо бояд пешгирӣ намоем. Бо кадом доруҳо ва сӯзандоруҳо ин маризиро табобат кардан ё ба по хезондан мумкин аст?

— Аввал, бояд нақшаи пулии театрро куллан бигирем. Дуюм, таваҷҷуҳро бояд зиёд кунем. Сеюм, талабот ба ҳунари асил зиёд шавад.

— Мову шумо медонем, ки фарҳангиёни мо муҳоҷир мешаванд ва тарки ватан мекунанд. Шумо бигӯед, ки оё шумо ҳам чунин фикри муҳоҷиратро кардаед?  Ва умуман чаро фарҳангиёни мо муҳоҷир мешаванд?

— Ман дар мавриди муҳоҷир шудани фарҳангиёнамон чизе гуфта наметавонам. Зеро дар ҳолату вазъияти қарордоштаи онҳо набудам. Дар мавриди худам бошад, албатта ҳоло аз худам қаҳрамон сохтанӣ нестам, ки ман намерафтам. Бовар кунед, чунин шароит барои ман пайдо нашуда буд ва фикр накардаам ҳеҷ гоҳ.

— Шумо соли 2018 бо номи «Бобои Барфӣ»: Биёед, шеъри тоҷикӣ ҳам мехонем!”  навиштед ва бигӯед, ки оё шумо зиддӣ донистани забони русӣ ҳастед ё зидиӣ нафароне, ки фарзандонашонро ба макотиби русӣ медиҳанд?

— Мо дар омад-омади Соли нав бо барномаи солинавӣ ба кӯдакистоне рафтем. Ман дар нақши Бобои Барфӣ будам. Дар кӯдакистон пурра тоҷикон буданд, вале пурра шакли фаъолияташ русӣ буд. Кӯдакон шеърҳояшонро бо забони русӣ мехонанд ва қариб, ки бо забони тоҷикӣ чизи хуб намедонанд. Аҷобати кор дар он аст, ки гапҳои қабеҳу дашномро бо забони тоҷикӣ мегӯем ва шеъру суханҳои хушро бо забони русӣ. Пас, фаҳмиши кӯдакро мо вайрон намекунем? Пас, кӯдакони мо фикр намекунанд, ки забони модару падарашон танҳо барои дашному таҳқир аст? Пас, кӯдакони мо забони модарияшонро бад намебинанд? Ҳамин буд дарди ман, дигар ҳеҷ…

— Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти шумо бошад, чӣ кор мекунед?

— Ба  сафар  омодагӣ  мегирам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *