Абдусаттор Исоев: Ба қадри муҳоҷирон бояд расид!
Абдусаттор Исоев беш аз 20 сол аст, ки дар дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷирати СММ кор мекунад. Ибтидо дар Тоҷикистон, баъдан дар Афғонистон, Судони Ҷанубӣ ва ахиран дар Русия сарварии дафтари ин созмонро бар уҳда дошт. Ҳоло намояндаи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар кишвари Бангладеш аст. Абдусаттор Исоев ҳафтаи равон меҳмони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» буд ва ба чанд суоли мо посух гуфт.
— Шумо аз кишвари қабулкунандаи муҳоҷирон — Русия ба кишвари интиқолдиҳанда — Бангладеш рафтед. Чӣ тафовут ҳаст миёни ин ду кишвар?
— Давоми бистучанд соле, ки дар Созмони байналмилалии муҳоҷирати СММ фаъолият дорам, бештар дар давлатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷират кор мекардам. Дар таҷрибаи ман фақат Русия кишвари қабулкунанда буд. Ин кишвар дар ҷаҳон аз нигоҳи қабули муҳоҷират дар зинаи 4-ум аст. Бангладеш бошад, 6-умин фиристандаи муҳоҷирон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Вале дар ҳар кишваре, ки набошад, мо бо мушкили муҳоҷирон сарукор дорем ва аз рӯйи барномаҳои мушаххас кор мекунем.
— Бангладеш бештар ба кадом давлатҳо муҳоҷир мефиристад?
— Бангладеш 162 миллион аҳолӣ дорад. Наздик ба 13 миллион нафар аҳолии ин кишвар муҳоҷирон ҳастанд. Муҳоҷирони бангладешӣ бештар ба давлатҳои Халиҷ — Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Қувайт ба кор мераванд. Вале мувофиқи оморе, ки Вазорати муҳоҷирати ин кишвар пешниҳод мекунад, қариб дар тамоми дунё шаҳрвандони Бангладеш ҳастанд.
— Тоҷикистони мо ҳам кишвари интиқолдиҳандаи муҳоҷирон аст. Чӣ таҷрибаҳое дар Бангладеш ҳаст, ки ба фикри шумо Тоҷикистон низ ба онҳо ниёз дорад?
— Бангладеш вазорати махсус барои муҳоҷирон дорад. Ин кишвар муҳоҷиронро қадр мекунад ва ҳамчун рамзи қадршиносӣ ба маблағе, ки онҳо ба кишвар мефиристанд ва дар рушди иқтисод саҳм мегузоранд, ин вазорат таъсис ёфтааст. Вазифаи ин вазорат ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои қабулкунанда ва омода кардани муҳоҷирон ба бозори меҳнати кишварҳои тараққикарда аст. Яъне дар доираи барномаи махсус муҳоҷиронро забон, касб ва ҳуқуқ меомӯзонанд, то ки онҳо дар кишварҳои бегона сарсон нашаванд ва азият набинанд. Дар Тоҷикистони мо Хадамоти муҳоҷират дар дохили Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аст. Яъне вазорат бо чанд масъалаҳо кор мекунад, аз ҷумла бо муҳоҷират. Дигар ин ки, ин хадамот танҳо барои муҳоҷир фиристодан нест, балки ба муҳоҷирони меомада низ сарукор дорад. Яъне имконияти кор бо муҳоҷирон камтар аст. Ҳол он ки, Тоҷикистон қариб 1 млн муҳоҷир дорад. Фаро гирифтани онҳо ба курсҳои махсус, омӯзонидани забон, ҳуқуқ ва дониши муҳоҷират, илова бар ин, омӯзонидани касб бояд вазифаи ниҳоде бошад, ки ба масъалаи муҳоҷират машғул аст.
— Шаҳрвандони Тоҷикистон асосан Русияро барои кор интихоб мекунанд. Вале дар ин кишвар дучори мушкилоти зиёд мешаванд. Муҳоҷирони бангладешӣ чӣ мушкилиҳо доранд?
— Аз рӯйи иттилооте, ки мо дорем, мутаассифона, сатҳи дониши бангаладешиҳо дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, аз дигарон пасттар аст. Махсусан, муҳоҷироне, ки аз деҳаҳо ҳастанд. Бинобар ин, вазорат барои баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо кор мекунад. Муҳоҷирони бангладешӣ бештар мувоҷеҳи мушкилоти ҳуқуқӣ ва надонистани забон мешаванд. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои чӣ Русияро интихоб мекунанд? Барои он ки каму беш русиро медонанд. Феълан, Ӯзбекистон бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои хуб дар соҳаи муҳоҷиратро ба роҳ мондааст. Марказҳое дар ин кишвар бунёд шудаанд, ки муҳоҷиронро омода мекунанд.
— Дар мо ҳам чунин кӯшишҳо ҳаст. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ ва Британияи Кабир фиристода шуданд. Вале теъдоди хеле кам. Ба андешаи шумо, кадом кишварҳо барои муҳоҷирони тоҷик қулайанд?
— Давлатҳои Халиҷ. Ин кишварҳо, гарчанде аз Осиёи Ҷанубӣ бештар муҳоҷир қабул мекунанд, ба қувваи корӣ эҳтиёҷ доранд. Мо метавонем ин кишварҳоро омӯзем. Ман зиёд ба Аморати Муттаҳидаи Араб меравам, тоҷикон дар ин кишвар назар ба чанд сол пеш бештар шудаанд, вале дар муқоиса ба дигар кишварҳо камтар. Ҳол он ки, дар ин кишвар имконият зиёд аст. Ин кишварест, ки 80 фоизи аҳолиаш муҳоҷирон ҳастанд. Бояд бо ин кишварҳо ҳамкорӣ ба роҳ монд ва тариқи барномаҳои дастҷамъона муҳоҷиронро бурд. Агар муҳоҷир бо шартномаҳои байнидавлатӣ ба дигар кишвар равад, албатта маблағи бисёртар меёбад, шароиташ беҳтар ва ҳуқуқаш бештар ҳимоя мешавад.
— Ҷавонони мо бештар мехоҳанд ба Аврупо ва Амрико роҳ ёбанд…
— Дар ин кишварҳо донистани забон ва доштани ихтисос муҳим аст. Забон барои дохил шудан ба бозори меҳнат калид аст. Ва ҳамчунин, доштани ихтисоси ба бозори меҳнат ҷавобгӯ. Барои мисол Бангладешро мегирем. Як давлати аҷиб аст. Бо вуҷуди он ки мушкили иқтисодӣ дорад, вале ташаккули иқтисодиаш назаррас аст. Ҳоло аз Ҳиндустон ба Бангладеш барои кор меоянд. Онҳое, ки ихтисосҳои замонавӣ доранд, бештар мутахассисони соҳаи IT ҳастанд. Ва ин раванд на танҳо дар Бангладеш мушоҳида мешавад. Феълан аз Амрико ва Аврупо бештар Осиёро барои кор интихоб мекунанд. Зеро мутахассисон дар ин кишварҳо корҳои хуб меёбанд, даромади хуб ба даст меоранд, вале харҷашон ба маротиб камтар аст. Тоҷикистон ҳам бояд барои муҳоҷират имконият фароҳам оварад. Аз ҳама муҳим, муҳоҷиронеро бояд омода кард, ки ба бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд.
Мусоҳиб: О. НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ