Ҳабси Абдулло Юсуфов- наворбардори гуруҳи ифротгарои «Ҷабҳату-Нусра»
Абдулло Юсуфов, сокини 22- солаи шаҳри Душанбе, ки ба наворбардории гуруҳи «Ҷабҳату-Нусра» гумонбар мешуд, ба 14 соли зиндон маҳкум гардид.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Абдулло Юсуфовро ба гумони узвият даргуруҳи террористии «Ҷабҳату-н-Нусра» гунаҳкор донистааст., 14 сол равонаи зиндон кардааст.
Бар асоси хабари додгоҳ, ин ҷавон, ки донишҷӯи соли сеюми факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст, як муддат дар созмони «Ҷабҳату-н-Нусра» дар Сурия ба ҳайси наворбардор фаъолият кардааст.
Абдулло Юсуфов баъди шомили «Ҷабҳату-н-Нусра» шудан, бо супориши яке аз саркардаҳои ин созмон ҳамчун наворбардор тарзи будубош ва нигоҳдории зиндониёнро дар шаҳрҳои Ҳалаб, Латакия, Хомс, Идлиб ва чандеи дигар, ки зери тассаруфи ин гуруҳи террористӣ будаанд, наворбардорӣ намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мурофеаҳои додгоҳӣ муайян шудааст, ки Абдулло шурӯъ аз моҳи марти соли 2015 дар шабакаи интернетии «Одноклассники» саҳифаи худро созмон дода, бо нафаре бо номи Абу Дирар, ки шахсияташ муайян карда нашудааст, шиносой пайдо намуда, даъвати ӯро барои ҷиҳод намудан дар Сурия пазируфта, аз пайи амалӣ гардидани ин ҳадафаш мегардад.
Тибқи иттилои Додгоҳ, маҳкумшуда 16 июни соли гузашта, пинҳонӣ аз аъзои оила аз Душанбе ба шаҳри Алма-Атои Қазоқистон, баъдан ба шаҳри Киеви Украина парвоз карда, 17 июни соли 2015 бо хатсайри «Киев-Истанбул» ба давлати Туркия сафар мекунад.
Додгоҳ мегуяд, 24 июни соли сипаришуда ин ҷавони тоҷик ҳамроҳи ду нафар ҷавонони чечен тавассути мошин ба шаҳри Газиантепи Туркия рафта, сипас сарҳади Сурияияро убур намуда, нахуст ба шаҳри Латакия ва аз он ҷо ба шахри Ҳалаб рафтаанд. Манбаъ афзуд, Абдулло дар шахри Ҳалаб ба ташкилоти «Ҷабҳату-н-Нусра», шомил шуда, таълимоти ҳарбиро гузашта, истифодаи силоҳҳои оташфишони гуногунро омӯхтааст: “Сипас бо супориши яке аз саркардагони ташкилоти зикршуда ҳамчун наворбардор тарзи будубош ва нигоҳдории зиндониёнро дар шаҳрҳои Ҳалаб, Латакия, Хомс, Идлиб ва дигар шаҳрҳои таҳти тассаруфи гурӯҳи террористии номбурда қарордошта наворбардорӣ намудааст. Ҳангоми дар ташкилоти экстремистй-террористии «Ҷабҳату-н-Нусра» буданаш ӯ пайваста тавассути сомонаи интернетии «Вотсап» бо апааш Зайнаббибии Шералӣ суҳбат намуда, дар рафти он иброз намудааст, ки «дар беҳтарин сарзамин қарор дошта, аз ягон чиз камбудӣ надорад ва агар кормандони амният ӯро пурсон шаванд, гӯяд, ки дар хонаи хусураш қарор дорад».
Тибқи иттилои Додгоҳ, Абдулло Юсуфов то охирҳои моҳи январи соли 2016 дар ташкилоти «Ҷабҳату-н-Нусра» дар Сурия фаъолият намуда, аввалҳои моҳи феврали соли равон, дар пай пурзӯр гардидани амалиёти зиддитеррористии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар ҳудуди Сурия ва зиёд шудани шумораи бомбаборонкунии ҷойҳои будубоши террористон, аз тарси он ки ба халокат мерасад, аз қаламрави ин кишвар гурехта, ба воситаи Туркия ба Тоҷикистон баргаштааст: “ 9 феврали соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ин ҷавон боздошт гардид”.
Манбаъ мегуяд, тибқи моддаи 401 эзоҳи 1 ва дастрасии моддаҳои 332, 333, 334-335, 338, 339, 341-344, 347, 348-и Кодекси мурофиавии суд ҳукм намуд, ки нисбати Абдулло Юсуфов 14 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ