Адесаня муҳорибаи Махачев ва Волкановскиро пешгӯӣ кард

Собиқ чемпиони UFC дар вазни миёна Исраэл Адесаня дар бораи муҳорибаи Александр Волкановски ва Ислом Махачев ба расонаҳо фикрашро гуфт.

“Ман медонам, ки тими Ҳабиб Нурмагомедов чӣ кор карданашонро хуб медонанд, вале ба боваре ҳастам, ки дар ин муҳориба Александр Волкановски ғолиб меояд. Ҳатто ман омодаам, ки хонаи пешинаамро дар ин рақобат аз тарафи ӯ ба гарав монам”,- гуфт Адесаня.

Дар гуфтори Исраэл Адесаня нисбат ба Ислом Махачев бадбинӣ эҳсос намешавад, вале хуб фаҳмидан мумкин аст, ки ӯ аз пушти ҳамватани худ Александр Волкановски мебошад.

Ёдовар мешавем, ки муҳорибаи Александр Волкановски ва Ислом Махачев дар доираи мусобиқаи UFC 284 12 феврали соли 2023 доир мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *