Афғонистон аз Ӯзбекистон соли 2023 низ барқ мегирад (аудио)
Вазорати энергетика ва захираҳои об дар Афғонистон шартномаи хариди нерӯи барқ аз Ӯзбекистонро барои як соли дигар тамдид кард.
Бино ба иттилои «TOLOnews», Абдулатиф Мансур, иҷрокунандаи вазифаи вазири энергетика ва захираҳои об дар ин кишвар 2 январ аз Тошканд боздид кардааст.
Ба гуфтаи ин мақомдори Афғонистон, қатъи нерӯи барқ дар шаҳри Кобул ва як қатор минтақаҳои дигари Афғонистон ба камбуди фаннӣ дар нерӯгоҳҳои Ӯзбекистон рабт дорад.
Абдулатиф Мансур гуфтааст, созишномаи хариди нерӯи барқ аз Ӯзбекистон барои соли 2023 ба имзо расида, аз афғонистониҳо даъват кардааст, ки нерӯи барқро сарфа кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ