Афғонов, Файзализода ва Комилӣ академик шуданд

Се нафар аз олимони тоҷик ба узвияти Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олии Федератсияи Русия интихоб шуданд ва унвони академикиро ба даст оварданд.

Се нафар донишманди тоҷик — Самариддин Афғонов, Ҷумъахон Файзализода ва Абулҳай Комилӣ академики Академияи илмҳои олӣ шуданд. “Онҳо ба туфайли комёбиҳои бунёдӣ дар соҳаи илму маориф ҳамчун мутахассисони барҷастаи соҳаи худ эътироф карда шудаанд.

Қарор дар бораи узвият дар ҷаласаи бахши тоҷикистонии Академияи байналмилалии Федератсияи Русия дар ҷараёни овоздиҳии пӯшида гирифта шуд”,- хабар медиҳад “Ховар”.

Академикҳои нав кистанд?

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Самариддин Афғонов дар Донишгоҳи Калифорнияи ИМА низ ба ҳайси профессор кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 15 монография мебошад.

Ҷумъахон Файзализода доктори илмҳои педагогӣ, профессор, инчунин муаллифи 15 монография ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ мебошад.

Профессор Абулхай Комилӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав дарс мегӯяд. Ӯ номзади илми таърих ва доктори илми физикаву математика буда, дар ҳар ду самт ҳам эътироф шудааст. Зиёда аз 64 китоб, дастурамал ва воситаҳои таълим навишта, муаллифи 360 мақолаи илмӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки Академияи байналмилалии илмҳои таҳсилоти олӣ дар Русия соли 1992 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар Маскав ҷойгир аст. Ҳоло дар он зиёда аз 1,2 ҳазор нафар олимони намоёни дараҷаи ҷаҳонӣ аз 45 мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистон гирд оварда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *