Афғондухтар бо “моҳилабҳо”-яш нафрати ҷаҳониёнро бедор кард

Зебогиро ҳар кас ба таври худ мефаҳмад, яке онро дар мӯйҳои дарози марғуладор, дигаре бошад, баракс- мӯйи кӯтоҳро зеби духтари замонавӣ меҳисобад. Сеюми зебогии замонавиро бидуни атру упо ғайриимкон мешумораду чоруми бошад, зебогии бидуни упоро авлотар медонад.

 Аммо дар тасаввуроти афғондухтарҳои Афғонистон тасаввурот нисбати зебогӣ тамоман дигар аст. Зеро онҳо зебогии ҳакиқиро бидуни «татуаж» ва лабҳои бо ёрии «селикон» «дам» кардашуда тасаввур карда наметавонанд. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки лабҳо чанд қадаре ки ғафсу варамида бошанд, барои эшон ҷаззобтару зеботар будааст.

« Зебосанами фавқуллодаи афғон», ки дар сомонаҳои интернети бо «ник» (тахаллус)-и   8gates2paradise (8 дарича то ба биҳишт) маъруф аст, гуфтаҳои болоро бо аксҳои ғайримуқаррарӣ(аниқтараш даҳшатовар)-аш бори дигар исбот намуд. Ӯ бо акс-сэлфиҳои булаҷаби гузоштааш дар сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ, махсусан «инстаграм» истифодабарандагони интернетро «тасхир» намудааст.

Лабҳои аз меъёр чандин маротиба калон, чашмони аз ҳад зиёд рӯшан кашида, абрувони «то ошёнаи 8-ум болобардошта»-и татуажшуда, мижгонҳои дароз-дарози насбкардашуда ӯро ба қаҳрамон-моҳии филми тасвирии « Дар баҳри кабуду мавҷҳои сафед» шабеҳ намудааст.

 Имрӯзҳо дар саҳифаи Instagram-и ин афғондухтар имрӯзҳо ҳамарӯза зиёда аз 40 ҳазор нишастагон дидан мекунанд. Аммо ин «зебоӣ» истифодабарандагони ин сомонаро нисбати чунин амал мутанаффир намуда, борони лаънатро бар сари ӯ мерезад. Зеро шарҳҳои кули истифодабарандагон пур аз нафрау ҳақорат аст. Ҳатто сару садоҳое паҳн гардидааст, ки дар Афғонистон як гуҳмардҳо дар қасди ёфтан ва куштани ин афғонмоҳидухтар афтодаанд. Зеро бар асари шарҳи эшон ин кори афғондухтар хати бутлонест бар ҷабҳаи зебогии ҳақиқии афғондухтарону занон. Чун дар ислом истифода бурдани «селикон» макрӯҳ аст.

Аммо алорағми ғазабу нафрати ҳама моҳиафғондухтар ҳамарӯза аксҳои нави хешро мегузорад, ва то имрӯз танҳо як ҷумла навиштааст:

« Аз паси ман не, бо роҳи дурусте, ки Ислом фармудааст, биравед».

То имрӯз ба саволҳои гуногуне,  аз ҷумла «Пас чаро ту бо роҳи Ислом намеравӣ?» ҷавоб нагуфтааст. Ин кори моҳидухтар то кай давом мекунад, маълум нест, аммо он ки хоҳишмандони марги ӯ дар ватанаш бо ин кораш рӯз аз рӯз афзун шудааст, ин аниқ аст.

Фарангиси Фармон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *