Афзоиши намояндагони бахши хусусии иқтисод аз Русия дар Тоҷикистон

Теъдоди намояндагони бахши хусусии иқтисод аз Русия дар қаламрави Тоҷикистон дар се соли охир дастикам ду баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Назар Азиз Савзалӣ хабар дод. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори “ТАСС” дар намоишгоҳи “Иннопром-2023” гуфт: “Дар се сол теъдоди намояндагони бахши хусусии Русия дар Тоҷикистон ду-се баробар афзоиш ёфтааст”.

Бояд гуфт, ки намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром» як платформа барои дарёфти мизоҷон, таъминкунандагон, шарикон ва сармоягузорони нав мебошад.

Имсол намоишгоҳ дар Екатеринбург аз 10-уми июл оғоз гардид ва то 13-уми июл баргузор мешавад. Мавзӯи асосии “Иннопром-2023” “Истеҳсоли устувор: стратегияҳои навсозӣ” мебошад. Кишвари шарики намоишгоҳ дар соли 2023 Белорус аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *