Афзоиши шумораи бузи пармашох дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон шумораи бузи пармашох солҳои охир афзоиш меёбад. Ин навъи ҳайвони куҳӣ бештар  дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон мушоҳида мегарданд.

Мираҳмад Давлатов, муовини сардори  Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон гуфт, ки феълан дар ҳудуди вилояти Хатлон беш аз панҷ ҳазор  сар  бузи куҳии  пармашох ба қайд гирифта шудааст. Ӯ мегӯяд,  беш аз 3 ҳазор сар бузи мавриди назар дар заминҳои хоҷагии ҷангаланд.

Ба таъкиди вай, ба қайдрии ин навъи ҳайвони куҳӣ ҳамасола аз моҳи феврал то моҳи  апрел ба  таври мушоҳидавӣ гузаронида мешавад.

«Баланд гардидани маърифати экалогии сокинон, пешгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ ва саривақт гузаронидани корҳои биотехникӣ ба зиёдшавии  бузи пармашох, ки шомили Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мусоидат кардааст»,-гуфт номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *