Агентии зиддидопингии Русия: Валиева бегуноҳ аст!
Хадамоти матбуотии Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ хабар дод, ки Кумитаи интизомии Агентии зиддидопингии Русия варзишгари рус Камила Валиеваро дар вайронкунии қоидаҳои зиддидопингӣ бегуноҳ эътироф намудааст.
Гуфта мешавад, ки Кумитаи интизомии РУСАДА натиҷаҳои варзишгарро бекор кард, натиҷаҳое, ки дар рӯзи гирифтани санҷишҳои допингӣ рӯзи 25-уми декабри соли 2021 ба даст омад. Ҳамон вақт Валиева дар чемпионати Русия дар Санкт-Петербург пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, ки охири соли гузашта Агентии умумиҷаҳонии допингӣ (WADA) ба Суди варзишии арбитражӣ (CAS) муроҷиат намуда буд, ки Камила Валиева ба муҳлати чор сол аз ҳақи баромад дар мусобиқаҳо маҳрум карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ