Ай бача, гурез, “облава” омад!!!

Имрӯзҳо аксари онҳое, ки хизмат накардаанд, кунҷи хонаҳоро ба иҷора гирифта, намехоҳанд пайи анҷоми коре ба кӯча бароянд. Зеро онҳоро тарс фаро гирифта, намехоҳанд дар назари кормандони Вазорати мудофиа ва мардум намоянд.

Вобаста ба вазъи ба амал омада комиссияҳое, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ташкил шудаанд, шабонарӯзӣ дар паси дари хонаҳову кӯчаҳо истода, ҷавононеро, ки ба чангашон афтоданд, зуд ба мошин савор карда, ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд. Бидуни ҳич як назарпурсиву воқиф гаштан аз ҳолу рӯзгорашон, онҳоро фавран ба хизмат сафарбар менамоянд. Ин чист? Беҳурматӣ нисбати инсонҳо ва ё бенизомии низомдорон?

Нафароне, ки мо бо онҳо суҳбат оростем, аксаран гуфтанд, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳамарӯза дари даромади донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳоро банда карда, ҳар як донишҷӯро ному насаб гирифта, синну соли онҳоро бозпурс намуда, пас аз он иҷозати вуруд ба синфхона медиҳанд. Ин далолат ба он мекунад, ки донишҷӯ то анҷоми давраи навбатии “облава” ба дарс наояд ва соатеву моҳҳо аз дарсҳо қафо монад.

Ин вазъ наметавонад боиси он гардад, ки мардумро ба таҳлука оварда, онҳоро нисбат ба хизмату армия дилсард карда, дар онҳо руҳияи носолимро ба вуҷуд орад?

Ба андешаи инҷониб, ин роҳи ҳалли масъала набуда, балки дар замири донишҷӯён бедор кардани як ҳисси нафрату бадбинӣ мебошад.

Хуб мебуд, агар, новобаста ба синну сол ва касбу кор, ҳар як нафаре, ки дилаш барои ин марзу бум ва миллат месӯзад, бидуни ҳич як мушкил ба хизмат ҷалб карда шуда, барояш шароити хуби хизматӣ фароҳам оварда шавад, то ба пасояндагони худ бо ҳарорат дар ин бора ҳарф бизанад, ки мо барои Ватан ҷону тани худро қурбон мекунем. Ва ҳамин ифтихорро ба фарзандони худ бояд дод, то онҳо аз хизмат ба Ватан сар напечанд. Вагарна, кӣ медонад, ки ҳоли мову ин сарзамин бидуни наслҳои солиму ҳушёру боқуввату бағайрати ватандӯст чӣ мешуда бошад?

Имрӯз, ки ҷомеа ба фардҳои солиму болаёқат ниёз дорад, моро зарурате пеш омадааст, ки бо ҳар як нафар ҷавон дурусту боадабона сухан гӯему онҳоро дар руҳияи Ватандӯстдорӣ тарбия намоем, то худи онҳо бидуни ҳич як зарурате ба сафи армия рафта, хизмати модар Ватанро ба ҷо оранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.