Академик Саидмуҳаммад Одинаев 78-сола шуданд

Имрӯз, 19 октябр Саидмуҳаммад Одинаев, академик, доктори илмҳои физика, профессор, собиқ ректори ду муассисаи олии бонуфуз-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба синни 78 расиданд.

Воқеан ҳам, нақши Саидмуҳммад Одинаев дар рушди соҳаи илму маорифи кишвар ва омода намудани мутахассисон хеле муассир аст. Фаъолияти илмии узви пайвастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика, профессор Саидмуҳаммад Одинаев дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси ассистент оғоз шудааст. Солҳои 1971-1974 дар аспирантураи ДМТ таҳсил карда, соли 1983 рисолаи номзадиро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Киев ва рисолаи докториро соли 1995 ҳимоя кардаанд. Солҳои 1999-2001 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ ва баъдан то соли 2005 ба ҳайси ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият намуданд. Аз соли 2005 то соли 2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 60-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (октябри соли 2008)

Маҳз дар ҳамин давра маҳорати омӯзгорӣ ва инсонияти баланди эшон ба таври возеҳ ошкор гашт. Ҳам устодон ва ҳам шогирдони донишгоҳ Саидмуҳаммад Одинаевро чун шахси фурӯтан ва роҳбари одилу оқил ном мебурданд. Ӯро демократитарин ректор дар ҳамон давра меҳисобиданд ва ӯ ҳатто рӯзи қабул надошту дари утоқи кориаш барои ҳам омӯзгорону ҳам донишҷӯён ҳамеша боз буд.

P.S Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” хонандагон метавонанд суҳбати ихтисосиро атрофи кору пайкори устод, вазъи илмҳои дақиқ дар шароити имрӯз, пешниҳодҳо, хотирот аз замони фаъолият ба ҳайси роҳбар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мутолиа намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *