Академия барои муовинони раисҳо курси такмили ихтисос ташкил кард
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи барномаи “Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Бино ба иттилои масъулини Академия, дар расми ифтитоҳи курс ректор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷурахон, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академия Сафаров Даврон Ҷурахонович ва ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академия Аҳмадзода Зулфия Кабир иштирок ва суханронӣ карданд.
— Дар рафти ифтитоҳи курси мазкур оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони ин соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуда, аз ҷумла қайд гардид, ки курсҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, аз таҷрибаи ҳамдигар дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода мебаранд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ