Акаву хоҳар нестем, вале…
Силсилафилми “Ишқ-Пул-Душанбе” аз нахустин филмҳои бисёрсериягӣ дар олами синамои тоҷик мебошад, ки чеҳраҳои зиёдро барои тамошобин муаррифӣ намуд. Ҳарчанд аксари ин ҳунармандон дар филму саҳнаҳои дигар низ нақш бозида бошанд ҳам, вале баъд аз сабти силсилафилми мазкур мухлисону ҳаводорони зиёдеро пайдо намуданд.
Дар силсилафилми “Ишқ-Пул-Душанбе” зиндагиномаи пурмоҷарои ду оила тасвир ёфтааст, ки дар он саҳнаҳои ҷанг, нафрат, хиёнат ва дигар ҳодисаҳо аз ҳаёти рӯзмара пешкаши тамошобин мегардад. Иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ Сулаймон Сафаров ва Ёсамин Мусоева оид ба фаъолияти эҷодӣ ва зиндагии шахсӣ ҳарф заданд, ки фишурдаи суҳбати ин ҳунармандонро пешкаши шумо мегардонем.
— Сулаймон ва Ёсамин, шумо дар филми “Ишқ-Пул-Душанбе” нақши бародару хоҳарро бозидед, оё воқеан ҳам бародару хоҳар ҳастед?
Ёсамин:— Шиносоии мо баъди сабти филм оғоз шуд, бо дигар ҳунармандон низ баъдан робита пайдо кардам. Ҳамеша ба акаи Сулаймон такя мекунам, аз он кас маслиҳат мепурсам. Акаи Сулаймон, Беҳрӯз ва Максро устодони худ мешуморам.
Сулаймон:— Азбаски ману Ёсамин ба ҳам монанд ҳастем, шояд коргардон Набиҷон ба хотири ҳамин нақши акаю хоҳарро ба мо дод. Ҳарчанд бародару хоҳари ҳамхун набошем ҳам, аз сидқи дил акаю хоҳар ҳастем. Ёсамин аз рӯзи аввал бо рафтори намунавиаш ба ман писанд омад.
— Чаро дар серияҳои охири филм нақши Ёсаминро дигар нафар бозӣ кард?
Ёсамин:- Нақшаҳои ман каме тағйир ёфтанд. Аввалан Баноз дар филм бояд чеҳраашро дигар мекард, ин якум сабаб буд. Баъдан, бо сабаби саломатии кӯдакам ҳар рӯз аз ноҳияи Рӯдакӣ ба Душанбе омада наметавонистам. Дигар ин ки нақшаҳои худро доштам ва аз пайи амалӣ кардани онҳо шудам.
— Сулаймон хоҳари навро чӣ тавр қабул кард?
Сулаймон:— Дар таърихи Тоҷикистон филми мо аввалин лоиҳае буд, ки аз сад қисм иборат буда, ҳар қисмаш 30-дақиқагӣ буд. Тасаввур кунед, ки ҳар ҳафта 30 дақиқа кино пешниҳод кардан заҳмати зиёдро талаб мекунад. Дар зиндагӣ корҳое пешорӯи одам меояд, ки интизораш нест, вале оила дар ҷои аввал меистад.
— Ҳар ду ҳам аллакай муваффақ ҳастед ва ҳунарҳои зиёд доред. Агар дар мисоли Сулаймон гӯем, ҳам сароянда, ҳам ҳунарманд ва ҳам модел… Худи Сулаймон худро дар кадоме аз ин самтҳо муваффақ мешуморад?
— Сарояндагӣ, актёрӣ ва коргардонӣ ҳамааш як самт аст. Ман худро пеш аз ҳама як ҳунарманд меҳисобам.
— Ёсамин, шумо шеър мегӯед, актрисаву коргардон низ ҳастед…
— Инсон бояд дар ҳама самт худашро санҷад. Ба қавли дигар агар гӯем, инсон то пойафзоли касеро, ки дар ин ё он самт фаъолият мекунад, напӯшад, заҳмати ӯро намефаҳмад.
— Сулаймон, дар як вақт дар ду филм нақш бозидан, ҳам дар нақши асосӣ ва ҳам коргардон будан душвор набуд?
— Хеле мушкил буд, вале бо вуҷуди душвориҳо хушҳолам, ки дӯстам Набиҷон лоиҳаашро сарбаландона супорид.
— Ёсамин, ҳамчун шоира зиёдтар бо кадом сарояндаҳо ҳамкорӣ доред?
— Бо Фарух Ҳасанов ҳамкории зиёд дорам, чунки қолаби наверо дар ин самт ҷорӣ кардааст, ки ба ман писанд аст.
— Акои Сулаймон, ҳамсари шумо моделер ва як бонуи шинохта аст. Барои ду чеҳра зери як бом зиндагӣ кардан чӣ гуна аст?
— Ман ҳамсарамро дар сабти як реклама дидаму ба як нигоҳ ошиқ шудам. Ният доштам, ки то 30-солагиам оиладор намешавам, вале баъди як моҳи ин нақша оиладор шудам. Бисёриҳо аз ман мепурсанд, ки дар вақти сабти филм дасти духтаронро меқапам ё суханҳои ошиқона мегӯям, ҳамсарам рашк намекунад, албатта рашк мекунад. Дар аввал мушкил буд, ҳоло бошад, маро дарк мекунад, боварӣ дорад. Боварӣ оиларо мустаҳкам медорад.
— Ёсамин, шумо гуфтед, ки шавҳарам зидди ҳунарам буд. Баъди таваллуди фарзанд дубора роҳатонро интихоб кардед?
— Баъд аз тавлиди писарам мо ҷудо шудем. Шавҳарам бениҳоят инсони хуб буданд. Мо аз соли 2016 якҷоя будем, ягон маротиба ҷанг нашуда будем ва бе ягон ҷангу ҷанҷол ва бадбиниву нафрат ҷудо шудем. Ҳоло бо ҳам дӯст боқӣ мондем, ман ҳеҷ гоҳ монеи дидор бо писараш нестам.
— Якбора санъатро тарк кардан душвор набуд?
— Вақте зан шавҳарашро дӯст медорад, ҳама чизро сарфи назар мекунад. Оила барои ман дар ҷои аввал меистад.
— Асрори мӯйи дарози акаи Сулаймон дар чист?
— Мо санъаткор ҳастем ва барои ҳар нақш бояд худро мувофиқ карда тавонем. Масалан, дар нақше риши дарози семетра доштан лозим меояд ё дар як қисми дигари филм нохуни дарози дарунаш ифлос бояд бошад. Маҷбур мешавем, ки то сабти ҳамон қисми филм бо чунин ҳол гардем. Алҳол ба як лоиҳаи бузург даъват шудаам, коргардони филм нақшеро ба ман гузоштаанд, ки дар он бояд мӯйи сар ва риши дароз дошта бошам. Филми таърихӣ аст, дар он давра одамон мӯйи дароз доштанд.
— Дар нақш одами дағал, бераҳму сахтгап ҳастед, вале дар зиндагӣ чунин нестед. Чӣ гуна худро ба ҳамин нақш мувофиқ кардед?
— Ман дар ҳаёт бисёр шикаст хӯрдааму чандин нафар маро пешпо додаанд. Барои ҳунарманд пеш аз ҳама таҷрибаи зиёд лозим аст, вақте дар зиндагӣ бисёр пастию шикастанҳоро дида бошӣ, аз уҳдаи бозидани нақш ба хубӣ мебароӣ. Барои ман филм зиндагӣ аст.
— Ёсамин, суруди “алла”-ро барои фарзанди худатон сароидед?
— Бале, онро барои писари худам сароида будам.
— Писаратон бо “алла”-и шумо хоб мекард?
— Не, баръакс, рақс мекард. Бисёр рақсро дӯст медорад. Ҳатто вақте ӯро хобонданӣ мешудам, орзу мекардам, ки аз пушти тиреза мошин нагузарад, чунки зери оҳангу суруде, ки аз дохили мошин шунида мешуд, писарчаам ба рақс медаромад.
Омодасоз: М. ДАВЛАТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ