Акнун навбати «Делта» расид?

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, шакли “Делта”-и короновирус, ки дар Ҳиндустон пайдо шудааст, аз навъи аввалаи он ду баробар гузарандатар аст.
Сумя Сваминатан ходими илмии СҶТ 24-уми июн дар ҷараёни пахми мустақим аз саҳифааш дар Twitter гуфт, “Делта”- короновирусе, ки бори нахуст дар Ҳиндустон мушоҳида шуд ,ҳоло дар 85 кишвари дигари дунё кашф шудааст. “Бо назардошти он суръате, ки “Делта” паҳн мешавад, ин навъи короновирус дар ҷаҳон метавонад беш аз дигар навъҳо паҳн гардад.”

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки навъи “Делта” короновирусро дар миёни беморон пайдо накардаанд.Аммо дар пасманзари хабарҳо аз гирифтории даҳҳо нафар дар минтақаҳои гуногун, мақомот рӯзи 21-уми июн хабар доданд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, дар чаҳор рузи ахир 63 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози беморӣ дар кишвар дар умум 13371 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтааст ва 90 нафар фавтидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *