Алӣ Фирӯзро аз Русия депортатсия карданду даст ба худкушӣ кард

Хабарнигори нашрияи «Новая газета» Алӣ Фирӯз, ки додгоҳи Русия қарори хуруҷи ӯ аз қаламрави Русияро содир кард, мехост худкушӣ кунад. Дар ин бора «Новая газета» рӯзи 2 август бо такя ба вакили хабарнигор Даниила Хаймович гузориш дод.

Ба гуфтаи вакил, Фирӯз дар ҳоле мехост ба сари худ даст бардорад, ки нусхаи қарорро дар долони додгоҳ интизор буд.

Кормандони додгоҳ аз талоши худкушӣ пешгирӣ карданд ва Алӣ Фирӯзро ба боздоштгоҳи Сахарово интиқол доданд. Хабарнигор гуфтааст, ки «аз бозгашт ба Узбакистон мурданро авлотар медонад».

Рӯзи сешанбе додгоҳи Басмании Маскав қарори депортатсияи Алӣ Фирӯзро содир кард ва ӯро дар заминаи нақзи муқаррароти будубош ба маблағи 5 ҳазор рубл ҷарима намуд.

Алӣ Фирӯз, ки номи аслиаш Худойбердӣ Норматов аст, соли 2012 шиносномаашро гум кард ва наметавонад барои санади нав ба ватанаш баргардад. Фирӯз мегӯяд, дар сурати бозгашт ба Узбакистон ӯ ба терроризм муттаҳам мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *