Ҳалима Рофиева: Духтур мурдазинда мешавад, агар…

Даричаи ошноӣ

Ҳалима Рофиева, духтури қалб, номзади илми тиб, мудири шуъбаи бемориҳои дили МД МТ Истиқлол. Оиладор, модари 3 фарзанду бибии меҳрубони ду набераи дӯстрӯ.   

-“Захмае бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб” гуфтаанд. Кӣ ё чӣ боис гашт, ки шумо пешаи пурифтихори табибиро интихоб намоед?

адарам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекарданд. Ҳар гоҳ он кас бо либоси низомӣ аз дар медаромаданд, дили ман гум мезад ва мехостам ҳарчи зудтар калон шуда, мисли падарам чунин либоси шинамро ба бар намоям. Ба ҳама ҳамсолонам мегуфтам, ки ҳуқуқшинос мешавам, вале баъд як ҳодиса рӯй доду хати тақдири маро комилан дигар кард.

-Он ҳодисаи қисматсоз кай ба вуқӯъ пайваст?

-Ҳангоми дар синфи 9-ум хонданам модарам якбора сахт касал шуданд. Бемориашон ба дараҷае вазнин буд, ки ҳама аҳли оила умедамонро аз шифоёбии он кас кандем. Шабу рӯз Худоро зорӣ мекардам, ки ба модарам умри дубора ато намоянд. Ба бахти мо табибон тавонистанд модарамро аз панҷаи марг раҳоӣ бубахшанд. Ана ҳамин ҳодиса дили маро ба ин касб гарм кард ва баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон супурдам.

-Дар он давраҳо ба донишгоҳ ё донишкада дохил шудани духтар инқилоби ҳақиқӣ буд. Волидонатон ба хонданатон зид набаромаданд?

-Бобоям дар вақташ дар Бухоро қозӣ буданд. Падарам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекарданд, модарам бошанд, ягон гапашонро бе шеър намегуфтанд. мо, ки авлодан зиёӣ будем, пайвандонам монеи таҳсилам нагаштанд, баръакс онҳо кӯшиш мекарданд, ки ба ман ҳаматарафа ёрӣ расонанд.

-Аксари духтарони соҳибмаълумот дар ёфтани бахти худ душворӣ мекашанд. Шумо бо ишқу муҳаббат хонадор шудед ё домодро волидонатон интихоб карданд?

-Ману  шавҳарам дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардем. Падару модарам зиёӣ бошанд ҳам, нисбати фарзандон бисёр сахтгир буданд. Вақте ба ман гуфтанд, ки туро ба писари ҳамсоя ба шавҳар медиҳем,  ҳатто сарамро боло накардам. Норозигӣ кардану баҳс намудан он тараф истад, мо ҳатто наметавонистем ба чашми волидонамон нигоҳ кунем.

-Аз он ки дӯст дошта хонадор нашудед, пушаймон нестед?

-Баръакс аз падару модарам миннатдорам, ки бо дуои некашон дари бахту саодатро ба рӯйи ман кушоданд. Шавҳарам марди бофаҳм, меҳрубон ва инсони хубанд. Баъд аз хатми донишгоҳ ман ба шаҳрҳои Харков, Москав, Амрико, Лига рафта, такмили ихтисос намудам, ягон бор ба корам монеъ нашудаанд.

-Фарзандонатонро ба кӣ монда мерафтед?

-Хушдоманам то баргаштани ман набераҳояшонро парасторӣ менамуданд. Он кас бисёр зани меҳрубон буданд ва бояд иқрор шавам, ки он кас ҳатто аз худи ман беҳтар бачаҳоямро нигоҳубин мекарданд. Набераҳояшонро аз ҷонашон бештар дӯст медоштанд ва намемонданд, ки ба пояшон хоре халад.

-Шавҳаратон рашку ҷанҷол намекарданд?

-Ҳамсарам хуб медонистанд, ки ман худамро пурра ба кор додаам ва ҳар қадаме, ки мегузорам дар чаҳорчӯбаи одобу рафтори инсонӣ аст. Дилашон пур буд, ки қадам ба роҳи каҷ намениҳам, барои ҳамин ягон бор рашку ҷангу ҷанҷол намекарданд.

-Ҷои пӯшида нест, ки аксари мардон барои писар таваллуд накардани ҳамсарашон ҷангу ҷанҷол мебардоранд. Шумо се духтар доред. Шавҳаратон ягон бор дар фикри зани дигар гирифтан наафтида буданд?

ушбахтона дар ҳаёти мо чунин мушкили ҷой надошт. Шавҳарам ягон бор ҳатто ишора накарданд, ки ту барои ман писар таваллуд накардӣ. Духтаронамонро аз ҷонашон азизтар медоранд. Соҳиби ду набера гаштаем. Ба фикрам барои зани дигар гирифтану домод шудани шавҳарам акнун дер шуд! (Механдад)

Шумо ҳамчун модар барои омода кардани фарзандонатон ба оиладоршавӣ чӣ корҳоро ба сомон расонидаед?

-Новобаста ба серкорӣ ягон лаҳза нисбати тарбияи фарзандонам бетафовут набудам ва нестам. Духтаронам аз уҳдаи тайёр кардани тамоми намудҳои хӯришу шириниҳо мебароянд. Ҳар ҳафта аз Русия журнали “Лиза” мегирифтам. Духтарҳоям аз рӯи он тарзи пухтани таомҳои аврупоиро омӯхта дар кадбонугӣ бисёр моҳир шуданд.

-Худи шумо дар вақташ аз модаратон кадом ҳунарҳоро омӯхта будед?

-Модарам дӯзандаи моҳир буданд, дар баробари ин, пухтупази хуб мекарданд. Аз ҳама муҳимаш модарам ба ман тарзи бо одамон муносибату муошират карданро ёд доданд. Он кас ниҳоят оромона ва мулоим сухан мекарданд. Ахлоқи ҳамидаи инсониро ман аз модари фариштахисолам омӯхтам.

-Аз хушдоманатон чӣ хотироти нек доред?

Хушдоманам беҳтарин зан ва беҳтарин модар буданд. Ман келин шуда ягон бор аз даҳони он кас ягон гапи ноҷо нашунидаам. Мабодо кореро табъи дилашон ба сомон нарасонем, чунон хушрӯй карда хатогиамонро мефаҳмонданд, ки заррае дили кас намеранҷид. Муҳимтарин чизе, ки аз модаршӯям омӯхтаам ин меҳмоннавозӣ аст. Меҳмонро бо забони ширинашон ба қавле мелесиданд модаршӯям.

-Шумо як умр дар вазифаҳои пурмасъулият фаъолият намудаед. Сардухтури беморхонаи шаҳрӣ, мудири кафедраи бемориҳои дарунии коллеҷи тиббӣ, айни замон мудири шуъбаи бемориҳои қалби яке аз калонтарин беморхонаҳои пойтахт-Истиқлол ҳастед. Масъулияти табобату парастории беморони зиёде бар дӯши шумост.  Ба ғайр аз ин, бо корҳои илмӣ машғул шуда, рисолаи докториатонро қариб ба итмом расонидаед. Бо ин қадар ташвиш чӣ хел барои кору бори хона вақт меёбед?

Соати 4:30 аз хоб хеста, наҳорӣ тайёр мекунам ва то пухтани хӯрок ҷомашӯӣ карда, дигар кору бори хонаро ба сомон мерасонам. Хӯроки шомро духтари хурдиам, ки донишҷӯи ДТТ аст, мепазад.

-Шавҳаратон кадом хӯроки пухтаи шуморо баҳ-баҳ гӯён мехӯрад?

-Шавҳарам марди инҷиқ нестанд, то имрӯз ягон бор нагуфтаанд, ки барои ман ин хӯрок ё он хӯрокро пухта деҳ. Чизе, ки пазам, нозу нуз накарда мехӯранд.

-Шавҳаратон аз чӣ ба ғазаб меоянд?

-Вақте соатҳои 1-2-и шаб “беморатон вазнин шудааст” гуфта, маро ба ҷойи кор ҷеғ мезаданд, эҳсос мекунам, ки табъи шавҳарам вайрон мешавад, вале ошкоро нарав намегӯянд. Он кас хуб медонад, ки духтур соати корӣ надорад, чунки бо чизи аз ҳама қиматтарин-саломатӣ ва ҷони инсон сару кор дорад.

— Худи шуморо дар зиндагӣ чӣ нороҳат месозад?

-Вақте ки бемореро баъди кор аз кор гузаштан ба наздам меоранд ва дигар ягон роҳи ба ӯ мадад расонидан намемонад, озурда мешавам. Медонед бисёриҳо фикр мекунанд, ки духтурҳо ҳамеша дар фикри пул кор кардан ҳастанд, вале дар асл чунин нест. Барои мо, табибон саломатии беморонамон аз ҳама болотар аст. Вақте қалби маризе аз тапидан мемонад, духтур аз азоби руҳӣ мурдазинда мешавад.

-Маслиҳати шумо ҳамчун як зани рӯзгордида ба духтарон ва ҷавонзанҳои тоҷик?

Вақте дар арафаи оиладоршавӣ қарор доштам, модарам маро насиҳат карда гуфтанд, ки духтарам, вақте ба хонаи хушдоманат меравӣ, ба кору борат эрод гирифта, гапҳои ноҳақ зананд ҳам, ҳаргиз гап нагардон. Рӯзе мешавад, ки ҳамон одами беҳуда эрод гирифтагӣ хатои худро мефаҳмад. “Даҳони пӯшида сад тилло” гуфтани халқ беҳуда нест, касе, ки забонашро лаҷом зада метавонад, дар зиндагӣ ҳамеша бурд мекунад. Имрӯз ман ҳамчун як зани рӯзгордида ба занону духтарони тоҷик маслиҳат медиҳам, ки зан будани худро ҳеҷ гоҳ аз ёд набаранд. Сарфи назар аз он ки зан дар кадом вазифа аст, вақте ки шавҳар гап мезанад, бояд хомӯш истад. Шавҳаратон ва пайвандонашро ҳурмат кунед, албатта иззат мебинед. Боқӣ ба ҳама хушбахтӣ мехоҳам!

Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *